«ВАТАНПАРВАР». Дар Хуҷанд бахшида ба Рӯзи ҷавонон мусобиқаи ҳарбии варзишӣ баргузор шуд

Май 4, 2022 14:32

ДУШАНБЕ, 04.05.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Хуҷанд бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон, ки ҳамасола 23 май таҷлил мешавад ва бо мақсади беҳдошти тарбияи ватандӯстии ҷавонон, эҳтироми арзишҳои миллӣ, муҳаббат ба Ватан, таҳкими худшиносиву худогоҳӣ таҳти унвони «Ватанпарвар» мусобиқаи ҳарбӣ-варзишӣ баргузор гардид, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр.

Мусобиқа аз рӯи намудҳои вазнбардорӣ, тирҷойкунӣ ба тирдон, ба қисмҳо ҷудо ва ҷобаҷокунии автомати тамғаи «Калашников», дастхобонӣ ва расонидани ёрии аввалини тиббӣ баргузор гардид.

Чунин чорабиниҳо имкон фароҳам меоранд, ки наврасону ҷавонон ба солимӣ ва таҳкими неруи хеш аҳамияти бештар дода, дар ҳама ҳолат баҳри ҳифзи Ватану миллати хеш омода бошанд.

АКС: МИҲД-и шаҳри Хуҷанд

Май 4, 2022 14:32

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳабибулло Воҳидзода бо сафири навтаъйини Беларус дар Тоҷикистон мулоқот намуд
Эмомалӣ Раҳмон: «Ҳар корманди милитсия бояд бо рафтору гуфтор, дониш, самимияту эътимод сазовори боварии шаҳрвандон бошад»
Дар Роғун Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Дар Суғд Рӯзи милитсияи тоҷикро ботантана таҷлил намуданд
Дар 26 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ бо биноҳои замонавӣ таъмин шуданд
Рӯзи милитсияи тоҷик дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ботантана таҷлил гардид
10 НОЯБР — РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК. Барои беҳтар намудани шароити хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ беш аз 1500 иншоот бунёд гардидааст
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар вохӯрии котибони Шуроҳои амнияти кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкории ҳуқуқиро тақвият медиҳанд
Дар Вазорати корҳои дохилӣ ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар доираи татбиқи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ тадбирҳои муҳим андешида шудаанд