Ҷамолиддин Абдуллозода аз Маркази миллии тиббии кӯдаконаи шаҳри Тошканд дидан намуд
ДУШАНБЕ, 09.06.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи Ҷаласаи панҷуми вазирони тандурустии кишварҳои узви СҲШ, ки 8 июни соли равон дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Узбекистон доир гашт, Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода ва Вазири тандурустии Қазоқистон аз Маркази миллии тиббии кӯдаконаи шаҳри Тошканд дидан намуданд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, зимни боздид директори маркази мазкур Алишер Шарифов ба меҳмонон таҷҳизоти муосири тиббиеро, ки дар Маркази миллии тиббии кӯдакона истифода мебаранд, нишон дод. Дар идомабоздид меҳмонон бо кори шуъбаҳои ёрии таъҷилӣ, ҷарроҳии каминвазивӣ, рентгенология, озмоишгоҳҳои муассиса шинос шуда, ба сифати хизматрасонии тиббӣ ва шароити мусоид барои будубоши беморон баҳои баланд доданд.
Сипас вазирони тандурустии Тоҷикистон ва Қазоқистон дар дафтари меҳмонони марказ орзуҳои худро навиштанд.
Бояд гуфт, ки Маркази миллии тиббии кӯдакона (ММТК) як клиникаи нави замонавии баландтехнологии дараҷаи 4-и кӯдакона мебошад, ки дар пойтахти Ҷумҳурии Узбекистон – шаҳри Тошканд ҷойгир буда, аз технологияҳои инноватсионии пешрафтаи ҷаҳонӣ, ки дар самти рушди таҷҳизоти тиббӣ машғуланд, истифода мебарад.
Фаъолияти Маркази мазкур ба ташаккули насли навраси солим ва шахсияти баркамол инкишофёфта дар Узбекистони муосир равона шудааст.
Дармонгоҳ дар чорроҳаи муҳимтарин масирҳои нақлиётӣ, ки маркази пойтахт ва ноҳияҳои наздишаҳриро мепайвандад ҷойгир шудааст. Ҳудуди Маркази тиббӣ ба як шаҳраки алоҳида шабоҳат дорад, ки дорои шароити мусоид барои будубош ва барқарорсозии солимии кӯдакон аст.
АКС: Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ








Байни Агентии хизмати давлатии Тоҷикистон ва Вазорати идоракунии ҳайати Ҷумҳурии Корея Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
16 СЕНТЯБР — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ КАРДИОЛОГИЯИ ИНТЕРВЕНСИОНӢ. Табобати бемориҳои дилу раг бо истифодаи ҷарроҳиҳои муосир ва бе буриши калон ба куллӣ тағйир ёфтааст
Тоҷикистон ва Британияи Кабир масъалаи таҳия ва имзои санади нави ҳамкориро дар самти пешгирии ҳолатҳои фавқулода баррасӣ карданд
Дар Душанбе роҳҳои нави ҳамкорӣ бо ҷамъиятҳои тоҷикон ва ҳамватанони бурунмарзӣ баррасӣ гардиданд
Тоҷикистон ва Чин робитаҳои илмӣ-таҳлилӣ ва ҳамкории минтақавиро густариш медиҳанд
«ХУШДОМАНИ БЕҲТАРИН». Ин озмуни ҷумҳуриявӣ бо мақсади таҳкими фарҳанги оиладорӣ баргузор мешавад
Дар фасли тирамоҳ бемориҳои сироятии мавсимӣ зиёд мешаванд
«БЕҲТАРИН ҲАМСАР». Даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ дар ҷамоатҳо, деҳот ва маҳаллаҳо оғоз шуд
Дар пиряхи Тоҷикистон экспедитсияи байналмилалӣ оид ба навсозии стансияи баландкӯҳи Горбунов гузаронида шуд
МАҚОМИ ЗАН ДАР ДАВРОНИ ИСТИҚЛОЛ. Давоми сеюним даҳсола мавқеъ ва мақоми зан дар ҷомеа ба куллӣ тағйир ёфт
Дар назди Коллеҷи муҳандисӣ-техникии ноҳияи Нуробод бинои нави таълимӣ ва хобгоҳ сохта мешавад
Дар Суғд масъалаи риояи талаботи санитарию эпидемиологӣ дар муассисаҳои хизматрасонӣ баррасӣ гардид






