Ба беморхонаи №2-и шаҳри Турсунзода мошини ёрии таъҷилӣ туҳфа гардид
ТУРСУНЗОДА, 18.06.2022 /АМИТ «Ховар»/. Ба беморхонаи рақами 2-и шаҳри Турсунзода, ки дар Ҷамоати деҳоти Пахтаободи шаҳр ҷойгир аст, аз тарафи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон мошини ёрии таъҷилии тамғаи «NISSAN URVAN NV- 350», ки бо дастгоҳу таҷҳизоти муосири тиббӣ, аз қабили дефибриллятор, зарф ва ингалятори оксигенӣ, дастгоҳи шамолдиҳӣ, сфигмоманометр бо стетоскоп ҷиҳозонида шудааст, туҳфа гардид. Дар ин бора ба хабарнигори АМИТ «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд аз беморхонаи рақами 2-и шаҳри Турсунзодда иттилоъ доданд.
Ин мошини замонавии Ёрии таъҷилӣ барои бехатар интиқол додани беморони ҳолаташон вазнин ба дигар беморхонаҳои ҷумҳурӣ муфид буда, аз лаҳзаҳои аввали вориди он гардидани бемор таҷҳизоти зарурӣ фаъол гардида, ёрии кафолатноки аввалини тиббӣ шурӯъ мешавад.
Сардухтури ин беморхона Саида Назарова иброз дошт, ки «дар соли равон зери сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бо ташаббуси Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ба ин муассиса дастгоҳҳои барқии дил, оксигенератор, кардиоманитор ва узӣ ворид шудааст. Ин дастгоҳҳои замонавӣ дар ташхису табобати беморон кумаки асосӣ мерасонад».
Солҳои қаблӣ беморхонаи мазкур бо надоштани чунин як мошини ёрии таъҷилии замонавӣ мушкилӣ дошт. Хушбахтона, бо дастрас гардидани ин навъи мошини ёрии таъҷилӣ мушкилии беморхона бартараф гардид. Аз ин рӯ нисбати ғамхории навбатии Ҳукумати мамлакат табибони ин беморхонаро зарур аст, ки ҷиҳати адои вазифа пурмасъулият буда, ба сокинони диёри хеш содиқона хизматрасонӣ кунанд.
АКС аз АМИТ «Ховар»








Бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон таҳти унвони «Тамаддуни ориёӣ» озмуни ҷумҳуриявӣ доир мешавад
Рустами Эмомалӣ ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонун «Дар бораи маҳдуд намудани истифодаи маҳсулоти тамоку»-ро ҷонибдорӣ намуданд
Дар нуҳ моҳи соли равон 86 муассисаи КАТС ба истифода дода шуд
Байни Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ва Ассосиатсияи Умумичинии журналистон Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Панҷакент Форуми ҷумҳуриявӣ ва даври ҷамъбастии озмуни «Беҳтарин оилаи ҳунарманд» доир шуд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Тарбуз, харбуза ва каду дар таркиби худ витамини C ва А бештар доранд
Масъалаи дастрасии аҳолии минтақаҳои дурдаст ба кумаки аввалияи тиббию санитарӣ баррасӣ шуд
Неругоҳҳои барқи обии «Норак» ва «Бойғозӣ» барои гузаронидани мавсими сармо омода мебошанд
Дар Душанбе нахустин Анҷумани саратоншиносон ва радиологҳои Тоҷикистон доир шуд
Тоҷикистон то имрӯз ба 11 конвенсияи байналмилалии муҳитизистӣ ҳамроҳ шудааст
Дар Душанбе иди бостонӣ ва миллии мо-Меҳргон бо шаҳомати хосса доир мегардад
Намояндагони Суди Олии Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии судяҳо оид ба моликияти зеҳнӣ иштирок намуданд






