Баҳодур Шерализода ва Дэвид Моран масъалаҳои Конфронси 27-уми дарпешистодаро оид ба тағйирёбии иқлим баррасӣ намуданд

Июнь 8, 2022 10:41

ДУШАНБЕ, 08.06.2022 /АМИТ «Ховар»/. 7 июн дар доираи баргузории  Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» вохӯрии Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳодур Шерализода бо Сафири минтақавӣ дар Аврупо ва Осиёи Марказӣ  Дэвид Моран баргузор гардид.

Тавре ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи ҳифзи муҳити зист хабар доданд, дар вохӯрӣ мусоҳибон масъалаҳои Конфронси 27-уми дарпешистодаи ҷонибҳои Конвенсияи чаҳорчӯбаи СММ оид ба тағирёбии иқлимро баррасӣ намуданд.Масъалаҳои маблағгузории иқлим ва мутобиқшавӣ ба он  мавзӯи асосии муҳокимаи конфронси дарпешистода буда, барои мамлакат  муҳимият дорад.

Ҳамчунин дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои манъи истифодаи халтаҳои пластикӣ то 15 микрон, барқарорсозии ҷангал ва такмили низоми мониторинги муҳити зист ва тағйирёбии иқлим баррасӣ шуданд.

Ҷонибҳо дар мулоқот доир ба дурнамои ҳамкории Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Вазорати корҳои хориҷӣ, масълаҳои Иттиҳод ва рушди Британияи Кабир изҳори назар карданд.

АКС: Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати ҶТ

Июнь 8, 2022 10:41

Хабарҳои дигари ин бахш

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати аграрӣ» таҳия гардидааст
КОНСЕПСИЯИ ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ. Он санади муҳим дар самти рақамикунонии иқтисодиёти миллии Тоҷикистон аст
Барномаи рушди чарогоҳҳо барои таҳкими иқтисоди Тоҷикистон замина фароҳам меорад
Дар самти шарқии шаҳри Душанбе зеристгоҳи нави барқии 220 кВ сохта мешавад
Дар Душанбе ҳамоиши картошкапарварон ва намоиш-фурӯши картошка баргузор мегардад
Густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Олмон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳамоиши картошкапарварон баргузор мешавад
Байни соҳибкорони вилояти Суғд ва Қазоқистон санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Дар Остона дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон дар соҳаҳои электроэнергетика ва нафту газ баррасӣ гардид
Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад
Дар Остона Форуми соҳибкории Тоҷикистону Қазоқистон баргузор шуд