Беларус барои узвият дар Созмони ҳамкории Шанхай дархост омода намуд
ДУШАНБЕ, 15.06.2022 /АМИТ «Ховар»/. Беларус барои узвият дар Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) дархост омода намуд. Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба ТАСС хабар медиҳад, дар ин бора рӯзи сешанбе, 14 июн намояндаи махсуси Президенти Русия дар Созмони ҳамкории Шанхай Бахтиёр Ҳакимов изҳор дошт.
Ҳукумати Ҷумҳурии Беларус аллакай дархостро омода намуда, тасдиқ кард. Ҳоло онҳо мунтазири посухи Созмон ҳастанд.
«Санаи 8-ум ман бо сардори Сарраёсати Вазорати корҳои хориҷии Беларус машварат доштам ва ӯ возеҳ гуфт, ки ҷониби Беларус аз онҳо хоҳиш дорад, то кишварро ба узвият дар СҲШ фавран қабул кунанд ва изҳор дошт, ки пешниҳод ба президент дар бораи додани дархост барои узвият дар Созмон омода аст. Тавре ҳамсуҳбати ман баён дошт, дархости мазкур дар шакли байниидоравӣ тартиб дода шуда, аз тарафи кабинаи Вазирон тасдиқ шудааст», — иброз намуд Б. Ҳакимов зимни баргузории ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозони миллии СҲШ, ки дар Тошканд ҷараён дорад.
Созмони ҳамкории Шанхай (англ. Shanghai Cooperation Organisation) -созмони байналмилалиест, ки 15 июни соли 2001 аз ҷониби сарони Чин, Русия, Тоҷикистон, Қазоқистон, Узбекистон ва Қирғизистон таъсис ёфт. Дар ҳоли ҳозир 9 давлат, аз ҷумла Чин, Русия, Тоҷикистон, Қазоқистон, Узбекистон, Қирғизистон, Ҳиндустон, Покистон ва Эрон узви ин Созмон мебошанд.
АКС аз бойгонии АМИТ «Ховар»








Дар Москва Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Ветнам баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон бо Вазири давлатии Кувайт дар умури ҷавонон ва варзиш мулоқот кард
Дар Сеул Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Намояндаи Тоҷикистон дар брифинги Конвенсия оид ба ботлоқзор дар Женева иштирок намуд
Дар Ашқобод Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил гардид
Сафири Тоҷикистон бо шаҳрдори Риёз мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо сардабири рӯзномаи «Алҷарида»-и Давлати Кувайт вохӯрӣ намуд
Сафири Тоҷикистон дар ҳамоиши 42-юми Намоишгоҳ ва Конфронси байналмилалӣ оид ба нафту гази Абу-Забӣ иштирок намуд
Идибек Қаландар дар Муколамаи Манома «IISS Manama Dialogue» иштирок намуд
Ҳайатҳои вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Лаос мулоқот намуданд
Интишори мусоҳибаи сафири Тоҷикистон дар Кувайт дар рӯзномаи кувайтии «Алҷарида»






