Дар Ҷамоати деҳоти Ворухи Исфара пас аз офати табиӣ дастрасӣ ба оби нӯшокӣ ва полезӣ таъмин гардид

Июнь 30, 2022 09:52

ДУШАНБЕ, 30.06.2022 /АМИТ «Ховар»/. Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода аз Ҷамоати деҳоти Ворух дидан намуда, бо ҷараёни корҳои барқароркунӣ, тоза кардани маҳалаҳои аҳолинишин аз пайомадҳои офати табиӣ шинос гардид. Инчунин бо дастури Раиси вилоят техникаҳои зарурӣ ба маҳалҳо сафарбар шуда, ҷӯйборҳои асосӣ тоза гардид ва дастрасӣ ба оби нӯшокиву полезӣ таъмин карда шуд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар доданд.

Ёдовар мешавем, ки 26 июн дар Ҷамоати деҳоти Ворух бар асари боришоти зиёд сел омада, дар натиҷа ба манзилҳои истиқоматии сокинони ҷамоат ба миқдори зиёд селоба ва лойиқа даромада, ба иншооти истиқомативу ёрирасони шаҳрвандон ва заминҳои наздиҳавлигии онҳо хисорот ворид намуд.

Бо мақсади кӯмак ба сокинон дар Ворух ҳашари умумӣ ташкил ва баргузор карда шуд ва ба мардуми аз офати табиӣ зарардида дар тоза намудани ҳавзҳои обнигаҳдорӣ ва саҳни ҳавлиашон кумак расонида мешавад.


Раиси вилоят ба роҳбарияти шаҳр, Раёсати ҳолатҳои фавқулода ва дигар ниҳодҳои марбута барои мунтазам расонидани кӯмак ба сокинон супоришҳо дода, дастур дод, ки корҳои бартарафкунӣ дар кутоҳтарин фурсат ба анҷом расонида шавад.

Айни ҳол аз ҷониби ситоди махсус хисороти воридшуда омӯхта шуда истодааст.

АКС: Хадамоти матбуоти Раиси в. Суғд

Июнь 30, 2022 09:52

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайати Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Форуми фарҳангии «Хэхэ-2026» иштирок дорад
Ҳамкории Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Раёсати илм ва технологияи ноҳияи мухтори Шинҷон-Уйғур густариш меёбад
Намояндаи Кумитаи бехатарии озуқавории Тоҷикистон дар иҷлосияи Кумитаи амнияти озуқавории ҷаҳонӣ дар Рим иштирок намуд
ЛОЛА ВА СИЁҲГӮШ: Аз мероси табиат то рамзи худшиносии миллӣ
Форуми илмии байналмилалии «Илмҳои геологии Осиёи Марказӣ – 2026» доир гардид
Дар Тоҷикистон Рӯзҳои иммунизатсияи иловагӣ бар зидди бемориҳои сурхча ва гулафшон оғоз гардид
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар иқдоми ҷумҳуриявӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Кадом қонуншиканиҳо метавонанд боиси ихроҷи муҳоҷирони тоҷик аз Русия гарданд?
ДАР ПАЙРАВӢ БА ИҚДОМҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Дар ноҳияи Рашт ба 80 оилаи ниёзманд ангишт кумак карда шуд
Дар ноҳияи Файзобод китобхона, кӯдакистон ва синфхонаҳои иловагӣ ба истифода дода шуданд
Нақшаи буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар вилояти Суғд беш аз 100 фоиз иҷро гардид
ИМРӮЗ–РӮЗИ ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА. Беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд