Дар Душанбе ҷаласаи навбатии Шӯрои занони милитсияи пойтахт баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 13.06.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар Раёсати Вазортаи корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе ҷаласаи навбатии Шӯрои занони милитсияи пойтахт баргузор гардид, ки дар он як зумра масъалаҳои марбут ба занон, дарёфти роҳҳои ҳалли мушкилот, дастгирии ҳамаҷонибаи онҳо, пешниҳод ба вазифаҳои роҳбарикунандаи мақомоти милитсия ва дигар масъалаҳои ҷорӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуданд, хабар дод сардори маркази матбуоти РВКД дар шаҳри Душанбе Сироҷиддин Шукуров ба АМИТ «Ховар».
Дар ҳамоиш муовини сардори РВКД, полковники милитсия Сайфулло Ҳабибов, раиси Шӯрои занон, подполковники милитсия Муниза Баҳриддинзода ва кормандзанони милитсияи шаҳри Душанбе иштирок намуданд.
Зимни мулоқот Сайфулло Ҳабибов нақши занонро дар пешгирии амалу кирдорҳои номатлуб, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, таъмини тартибот ва осоиштаҳолии шаҳрвандон баланд арзёбӣ намуд.
Мавсуф зикр кард, ки баланд бардоштани нақши занон дар ҷомеа дар мадди назари роҳбарияти олии кишвар қарор дошта, сол то сол шумораи занон, ки дар сохторҳои гуногуни давлатӣ кору фаъолият мекунанд, рӯ ба афзоиш дорад. Аз ҷумла, дар сафи мақомоти милитсия низ кормандзанон бо далериву ҷасурӣ мардонавор ба халқу Ватан содиқона хизмат карда истодаанд.
«Дар милитсияи пойтахт занон дар вазифаҳои гуногун фаъолият намуда, дар тамоми чорабиниҳои ҷумҳуриявӣ баҳри таъмини тартибот ҷамъиятӣ фаъолона ширкат менамоянд» -гуфт ӯ.
Зимни суханронӣ кормандзанони милитсияи шаҳри Душанбе иброз намуданд, ки ба савганди худ содиқ монда, бо мақсади таъмини волоияти қонун ва ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ саҳми арзишманди худро мегузоранд.
АКС: РВКД дар ш. Душанбе








80 корманди мақомоти корҳои дохилӣ бо манзили зист таъмин мешаванд
Соли 2027 Тоҷикистон раёсатро дар Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ ба уҳда мегирад
Ҳабибулло Воҳидзода бо сафири навтаъйини Беларус дар Тоҷикистон мулоқот намуд
Эмомалӣ Раҳмон: «Ҳар корманди милитсия бояд бо рафтору гуфтор, дониш, самимияту эътимод сазовори боварии шаҳрвандон бошад»
Дар Роғун Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Дар Суғд Рӯзи милитсияи тоҷикро ботантана таҷлил намуданд
Дар 26 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ бо биноҳои замонавӣ таъмин шуданд
Рӯзи милитсияи тоҷик дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ботантана таҷлил гардид
10 НОЯБР — РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК. Барои беҳтар намудани шароити хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ беш аз 1500 иншоот бунёд гардидааст
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар вохӯрии котибони Шуроҳои амнияти кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкории ҳуқуқиро тақвият медиҳанд






