Дар Душанбе имкони баргузории Анҷумани солонаи Бунёди ҷаҳонии иқтисодии исломӣ дар Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифт

Июнь 6, 2022 17:51

ДУШАНБЕ, 06.06.2022 /АМИТ «Ховар»/. 6 июн мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо Дабири кулли Бунёди форуми иқтисодии ҷаҳонии исломӣ Тан Сри Моҳд Радзӣ Абдул Раҳмон, ки ҷиҳати иштирок дар Конфронси дуюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028 дар Душанбе қарор дорад, баргузор гардид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Дар рафти суҳбат ҷонибҳо роҷеъ ба тақвияти ҳамкорӣ дар доираи Бунёди форуми иқтисодии исломӣ ва имкони баргузории Анҷумани солонаи Бунёди ҷаҳонии иқтисодии исломӣ дар Тоҷикистон табодули афкор намуданд.

Дар фарҷоми нишаст ҳамсуҳбатон аз зарурати ҳамкорӣ оид ба ҷалби имкониятҳои Бунёди форуми иқтисодии исломӣ дар соҳаи сармоягузорӣ, сайёҳӣ, саноат, нақлиёт, кишоварзӣ, энергетика ва ғайра таъкид намуданд.

Бояд зикр намуд, ки Бунёди форуми иқтисодии ҷаҳонии исломӣ платформаи иқтисодии сатҳи ҷаҳонӣ ба шумор рафта, ба ин васила имкониятҳои иқтисодии ҷаҳони исломро муаррифӣ мекунад, ҳамкории шарикӣ ва табодули донишро дар саросари ҷаҳон таҳким мебахшад.

Акс: ВКХ ҶТ

Июнь 6, 2022 17:51

Хабарҳои дигари ин бахш

Сафири Тоҷикистон бо ҳамватанони муқими Ҷумҳурии Чехия мулоқот намуд
Дар Женева ҷаласаи махсус таҳти унвони «Афзалиятҳои рушди савдо барои кишварҳои рӯ ба тараққии маҳсур дар хушкӣ» баргузор гардид
Сафири Тоҷикистон дар Ҳамоиши байналмилалии «Ҳафтаи оби Қоҳира-2026» иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо Дабири кулли Вазорати федералии молияи Австрия мулоқот намуд
Ҷаласаи 26-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шурои роҳбарони хадамотҳои гумруки давлатҳои иштирокдори ИДМ баргузор гардид
Дар Вашингтон масъалаи омодагӣ ба Форуми сеюми соҳибкории кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Амрико баррасӣ гардид
Дар Минск ҷаласаи навбатии Шурои намояндагони ваколатдории доимии ИДМ баргузор гардид
Ҳамкории судманди Тоҷикистон ва Миср баррасӣ гардид
Дар Москва ба хотири гиромидошти Шоири халқии Тоҷикистон Лоиқ Шералӣ маҳфили адабӣ доир шуд
Вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистону Алҷазоир ҳамкориро дар самти бозомӯзии дипломатҳо тақвият мебахшанд
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси байналмилалии шаҳрҳои дӯстии Чин – 2026 иштирок намуд
Дар Берлин ҳамкории тиҷоратию иқтисодии Тоҷикистон ва Олмон баррасӣ карда шуд