Дар Душанбе масъалаи дастгирии иҷтимоии гурезаҳо баррасӣ шуд

Июнь 22, 2022 11:16

ДУШАНБЕ, 22.06.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар Душанбе масъалаи дастгирии иҷтимоии гурезаҳо ва ба касбомузиву шуғл фаро гирифтани онҳо дар Тоҷикистон баррасӣ гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар маркази матботи Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғлии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Ба иттилои манбаъ, 21 июн вохӯрии муовини Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Нурулло Маҳмадуллозода бо роҳбари Намояндагии идораи Комиссари олии Созмони Миллали Муттаҳид оид ба гурезаҳо дар Тоҷикистон Мулугета Зевди доир  гардид.

Дар мулоқоти  мазкур тарафҳо доир ба татбиқи чорабиниҳои муштарак барои дастгирии иҷтимоии гурезаҳо, тақвияти ҳамкорӣ ҷиҳати ба касбомузӣ ва шуғл фаро гирифтани шахсони гуреза ба мувофиқа расиданд.

Ҳамчунин дар ҷараёни вохӯрӣ ҷонибҳо бокортаъминсозӣ ва мутобиқшавии иҷтимоии гурезаҳоро баррасӣ намуданд.

Зикр гардид, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Комиссари олии Созмони Миллали Муттаҳид оид ба гурезаҳо ҳамкории хуб дошта, Тоҷикистон дар Осиёи марказӣ яке аз аввалин давлатҳоест, ки ба Конвенсияи байналмилалӣ оид ба гурезаҳо ҳамроҳ шуда, қонунгузории худро ба он мутобиқ ва ҳуқуқу манфиатҳои шахсони гурезаро эътироф ва таъмин менамояд.

АКС: Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғлии аҳолии ҶТ

Июнь 22, 2022 11:16

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Гулистон Форуми IV минтақавии ҷавонони ҳавзаи дарёи Сир – 2026 доир гардид
Дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон Рӯзи забони давлатӣ таҷлил гардид
Дар Кӯлоб барои тарбиятгирандагони мактаб-интернати №1 хобгоҳи нави замонавӣ ифтитоҳ гардид
Бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Сахидод Раҳматуллозода: «Ташкили дарсҳои маҷозӣ барои омӯхтани забони давлатӣ тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ ба манфиати кор мебошад»
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Гул, бӯй ва меваи дарахти санҷид фоидаовар аст
Ширкати «IRS» ба мавсими зимистон омодагии ҷиддӣ дидааст
ОИЛАИ СОЛИМ. Омодасозии фарзандон ба ҳаёти мустақилона масъалаи муҳим аст
Дар нимаи моҳи октябр дар Тоҷикистон пастшавӣ ва тағйирёбии ҳарорати ҳаво дар назар аст
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Пеш аз сафар ба Федератсияи Русия чиро бояд донист?
ЗАБОН-РУКНИ МУҲИММИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон таҳти унвон ҳамоиш баргузор гардид
Институти астрофизика бо таҷҳизоти муосири астрономӣ таъмин гардид