Дар Душанбе ғолибони Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба волейбол миёни ҷавонони то 23-сола муайян шуданд
ДУШАНБЕ, 21.06.2022 /АМИТ «Ховар»/. Аз 15 то 20 июни соли равон дар шаҳри Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба намуди волейбол миёни ҷавонони то 23-сола дар сатҳи баланд баргузор гардид. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон мақоми сеюмро соҳиб гардид, хабар дод ба шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон корманди Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳалимҷон Набизода.
Дар ин мусобиқаи байналмилалӣ дастаҳои мунтахаби волейболи Тоҷикистон, Узбекистон ва Қазоқистон ширкат карданд. Мусобиқа тибқи системаи даврӣ дар ду давр баргузор шуд. Миёни мардҳо дастаи мунтахаби волейболи Қазоқистон пирӯз шуд. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон ҷои дуюм, дастаи мунтахаби Узбекистон ҷои сеюмро сазовор шуданд.
Хотиррасон мешавем, ки миёни ҷавонон дастаи мунтахаби Узбекистон ғолиб гардида, дастаи мунтахаби Қазоқистон ҷои дуюм ва дастаи мунтахаби Тоҷикистон мақоми сеюмро соҳиб гардиданд.
АКС аз манбаъҳои боз








Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид






