Дар Душанбе тими миллии Тоҷикистон оид ба футболро самимона пешвоз гирифтанд
ДУШАНБЕ, 15.06.2022 /АМИТ «Ховар»/. Тими миллии Тоҷикистон оид ба футболро, ки барои аввалин дар таърих ба марҳилаи финалии Ҷоми Осиё роҳ ёфт, дар Душанбе дар фазои тантанавӣ истиқбол гирифтанд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад.
Барои истиқболи тими миллии Тоҷикистон дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе даҳҳо намояндагони расонаҳои хабарӣ ва садҳо мухлисон ҷамъ омаданд.
Дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ҳайати мунтахабро роҳбарияти Федератсияи футболи Тоҷикистон ва Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешвоз гирифтанд.
Футболбозон ва ҳайати мураббиёну маъмуронро дар толори пешвози меҳмонҳои олиқадр (VIP) истиқбол карданд ва дар он ҷо онҳоро ноибони президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Хуршед Мирзо, Дилшод Ҷӯразода, Алишер Урунов, дабири кулли ФФТ Давлатманд Исломов, узви Кумитаи иҷроияи ФФТ Шоҳрух Саидзода, инчунин раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулло Раҳмонзода пазируфтанд.


Масъулин дастаи мунтахаби Тоҷикистонро барои муваффақият дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2023 дар Бишкек ва ба даст овардани роҳхат ба қисмати финалии қаҳрамонии Осиё табрик гуфта, инчунин ба ҳар як узви даста изҳори сипос карданд.
Қобили зикр аст, ки дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2023 дар гурӯҳи «F», ки аз 8 то 14 июн дар Бишкек баргузор шуд, мунтахаби Тоҷикистон бар тимҳои Мянмар (4:0) ва Сингапур (1:0) ғолиб омад. Бо тими миллии Қирғизистон рақобатро мусовӣ (0:0) анҷом дод. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон таҳти роҳбарии Петр Сегрт бо касби ҳафт имтиёз дар гурӯҳ мақоми аввалро касб кард ва барои аввалин бор дар таърих роҳхат ба финали Ҷоми Осиёро соҳиб шуд.
Акс: ФФТ













Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бозии дуюми дӯстонаро бо Қатар мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Чемпионати ҷаҳон-2026 оид ба футбол бар тимҳои Бермуд ва Филиппин пирӯз шуд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон пас аз иштирок дар Бозиҳои V параосиёӣ ба Ватан баргаштанд
Ҳайати васеи дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол барои иштирок дар мусобиқаи «Кing’s Сup 2026» эълон гардид
«KING’S CUP 2026». Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоӣ бо тими миллии Умон бозӣ мекунад
Дар Душанбе таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст» машқи пагоҳирӯзӣ баргузор гардид
«Истиқлол» барои роҳхат ёфтан ба плей-оффи Лигаи даъватии КФО-2026/27 бо дастаи «Ҳомс Ал-Фида»-и Сурия бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Қатар бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Ҷоми ҷаҳон-2026 иштирок менамояд
Шоҳрух Назаров якумин медали нуқраи Тоҷикистонро дар таърихи Бозиҳои параосиёии тобистона соҳиб шуд
«Истиқлол» дар бозиҳои даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи даъватии КФО-2026/27 бар ҳарифаш ғолиб омад
Дар шаҳри Хуҷанд Академияи бокс бунёд карда мешавад






