Дар ноҳияи Ҳамадонӣ даври аввали Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» доир шуд

Июнь 4, 2022 10:30

ДУШАНБЕ, 04.06.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар ноҳияи Мир Саид Алии  Ҳамадонии вилояти Хатлон даври аввали Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» баргузор гардид. Тибқи низомнома, озмун аз рӯи номинаҳои сарояндагӣ, композиторӣ ва навозандагӣ дар се давр сурат гирифта, дар он нафарони аз 12 то 40-сола иштирок намуданд, хабар медиҳад мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» Сулаймон ХОЛЗОДА.

Ҳадафи озмуни мазкур- дарёфти истеъдодҳои нав дар соҳаи санъати мусиқӣ, баланд бардоштани фаъолияти фарҳангии ҷавонон, тақвият бахшидан ба ҳунари баланди иҷрокунандагӣ, сатҳи касбии асарҳои нави мусиқӣ ва интихоби намунаҳои беҳтарини оҳангу суруд мебошад.

Тавре иштирокчии Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» Шуҳрат Қурбонов иброз дошт, “мазмун ва ғояи асосии суруду оҳанг ва асарҳои мусиқиро дар ин озмун тараннуми ватандӯстиву ватанпарварӣ, дастовардҳои замони истиқлол, арҷ гузоштан ба анъанаҳои миллию мероси пурғановати ниёгонамон ташкил медиҳанд. Ҳар иштирокчии озмун ҳангоми ҳунарнамоӣ кӯшиш менамояд, ки ба ҳайати ҳакамон сатҳи касбияти худро нишон дода, ба давраи баъдӣ роҳхат гирад”.

Баргузории мазкур  ба дарёфти истеъдодҳои нави соҳаи санъат, тақвият бахшидани беҳтарин оҳангу ҳунари сарояндагӣ, навозандагӣ ва дарёфти истеъдодҳои ҷавон мусоидат менамояд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Июнь 4, 2022 10:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд