Дар ноҳияи Ҳамадонӣ даври аввали Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» доир шуд
ДУШАНБЕ, 04.06.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар ноҳияи Мир Саид Алии Ҳамадонии вилояти Хатлон даври аввали Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» баргузор гардид. Тибқи низомнома, озмун аз рӯи номинаҳои сарояндагӣ, композиторӣ ва навозандагӣ дар се давр сурат гирифта, дар он нафарони аз 12 то 40-сола иштирок намуданд, хабар медиҳад мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» Сулаймон ХОЛЗОДА.
Ҳадафи озмуни мазкур- дарёфти истеъдодҳои нав дар соҳаи санъати мусиқӣ, баланд бардоштани фаъолияти фарҳангии ҷавонон, тақвият бахшидан ба ҳунари баланди иҷрокунандагӣ, сатҳи касбии асарҳои нави мусиқӣ ва интихоби намунаҳои беҳтарини оҳангу суруд мебошад.
Тавре иштирокчии Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» Шуҳрат Қурбонов иброз дошт, “мазмун ва ғояи асосии суруду оҳанг ва асарҳои мусиқиро дар ин озмун тараннуми ватандӯстиву ватанпарварӣ, дастовардҳои замони истиқлол, арҷ гузоштан ба анъанаҳои миллию мероси пурғановати ниёгонамон ташкил медиҳанд. Ҳар иштирокчии озмун ҳангоми ҳунарнамоӣ кӯшиш менамояд, ки ба ҳайати ҳакамон сатҳи касбияти худро нишон дода, ба давраи баъдӣ роҳхат гирад”.
Баргузории мазкур ба дарёфти истеъдодҳои нави соҳаи санъат, тақвият бахшидани беҳтарин оҳангу ҳунари сарояндагӣ, навозандагӣ ва дарёфти истеъдодҳои ҷавон мусоидат менамояд.
АКС: АМИТ «Ховар»








Филми мустанади «Шоҳи қуллаҳо» ҷоизаи байналмилалӣ гирифт
«НАМУНАИ АДАБИЁТИ ТОҶИК». Дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Симпозиуми байналмилалии илмӣ доир шуд
Бахшида ба Ҳафтаи илми тоҷик дар Хонаи китоби Тоҷикистон конференсияи илмӣ доир шуд
Дар Душанбе паҳлуҳои гуногуни Устувонаи Куруши Кабир чун аввалин эъломияи ҳуқуқи башар баррасӣ гардид
Гӯшаи фарҳангии Тоҷикистон дар Фестивал-намоиши байналмилалии «ART EXPO» ташкил карда шуд
Дар Душанбе намоиши асарҳои муҷассамавии Рассоми халқии Тоҷикистон доир гардид
Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон беш аз 800 бозёфти нодири таърихӣ ба намоиш гузошта шудааст
РӮЗИ БУЗУРГДОШТИ САЪДИИ ШЕРОЗӢ. Осори безаволи шоир дар тарбияи ахлоқӣ ва маънавии ҷомеа нақши муҳим дорад
Филми ҳунарии «Моҳӣ дар шаст» дар кинофестивали 48-уми байналмилалии Москва намоиш дода шуд
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамоиш баргузор гардид
«ЯК МАТОВУ САД РАНГ». Дар Кӯлоб даври шаҳрии фестивал-озмун баргузор гардид
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗ ВА НИГОҲДОРИИ ЁДГОРИҲО ВА ҶОЙҲОИ ТАЪРИХӢ. Қалъаи Ҳисор таърихи зиёда аз 3000-сола дорад






