Дар Парлумон бахшида ба 15-солагии қабули қонуни танзим ҳамоиш доир шуд

Июнь 9, 2022 15:12

ДУШАНБЕ, 09.06.2022 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз бо ташаббуси дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки васеи кормандони масъули ин мақоми олии қонунбарор бахшида ба 15-умин солгарди Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҳамоиш баргузор гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» котиби матбуоти Маҷлиси намояндагон Муҳаммадато Султонов хабар дод.

Дар  ҳамоиш раиси кумитаи сохтори давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ Маҷлиси намояндагон Файзалӣ Идизода гуфт, ки «бо мақсади ба танзим даровардани  зуҳуроти манфии ҷомеа – сарфи беҳуда дар туй ва дигар маъракаҳо  ба хотири худнамоишдиҳӣ соли 2007 бо ибтикори  Пешвои миллат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба  таҳияи санади меъёрии танзимкунандаи масъалаи мазкур ба масъулин дастур дода шуд. Бо ин мақсад дар баробари олимони соҳаи ҳуқуқ, доираи васеи уламои дин, аъзоёни фаъоли ҷомеа ҷалб гардида, зиёда аз 20 ҳазор дархосту пешниҳодҳо барои ба танзим даровардани ин муносибати ҷамъиятӣ манзур гардид. Ба ғайр аз ин,  таҷрибаи расму оин дар давлатҳои ба мо ҳамдин мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода шуд. Дар натиҷа консепсияи ягонаи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо таҳия гардида, бо ташаббуси Президенти  мамлакат  бори нахуст дар таърихи қонунгузории мамлакат 8 июни соли 2007 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»  қабул гардид».

«Дар дебочаи  ин Қонуни дарҷ гардидааст, ки «Қонуни мазкур бо тақозои рушди ҷомеа анъана ва ҷашну маросимро танзим намуда, ба ҳифзи арзишҳои асили фарҳанги миллӣ ва эҳтиром ба суннатҳои мардумӣ барои баланд бардоштани сатҳи иҷтимоию иқтисодии ҳаёти шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон равона гардидааст». Ба ибораи дигар гӯем, инсоният ба асри нав – асри XXI қадам ниҳода, бо пешрафти фаҳмиш, шуур, ҷаҳонбинӣ, ҳамчунин тақозои рушди ҷомеа зарурати бозбинии анъана ва ҷашну маросимҳо ба вуҷуд омада, ин иқдом ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи иҷтимоию иқтисодӣ ва некуаҳволии ҳаёти шаҳрвандони мамлакат амалӣ карда мешавад»,-афзуд номбурда.

Дар  ҳамоиш зикр шуд,  ки бо мақсади дар амал татбиқ намудани Қонун дар сохтори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми нави ваколатдор – Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон шуъбаи дин танзими анъана ва ҷашну маросим, дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо раёсату шуъбаҳои танзими анъана ва ҷашну маросимҳо ва дар корхонаву муассисае, ки шумораи кормандонашон аз 30 нафар зиёд аст, комиссияи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо таъсис дода шуд.

Баромадкунандагон таъкид карданд, ки дар зарфи солҳои охир тамоми тадбирҳои сиёсӣ- иҷтимоӣ, аз ҷумла иқдомҳое, ки дар бахши қонунгузории миллӣ амалӣ мешаванд,  пеш аз ҳама, барои беҳтар кардани  сифати зиндагии  мардум равона гардидаанд. Дар баробари  ин,  иқдомҳои мазкур  барои тақвияти худшиносӣ ва  ҳушёрии сиёсии миллат мусоидат менамояд, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷумлаи онҳост.

«Он маблағе, ки аз  баргузории маросиму анъанаҳои серхарҷу беҳуда сарфа карда мешавад, бояд ба тарбия ва ба камол расонидани фарзандони миллат, ки ояндаи Ватан  дар дасти онҳост, равона карда шавад»,-изҳор доштанд онҳо .

Акс: МН МО ҶТ

Июнь 9, 2022 15:12

Хабарҳои дигари ин бахш

Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон мулоқот намуд
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ Рустами Эмомалӣ бо Президенти Қирғизистон Садир Жапаров мулоқот намуданд
1 сол пеш дар Душанбе ду иншооти муҳташам- бинои Парлумон ва Ҳукумати Тоҷикистон ба истифода дода шуд
Мавсума Муинӣ бо истеъдодҳои наврасу ҷавон вохӯрӣ доир намуд
Дар Душанбе масъалаи рушду таҳкими ҳамкории байнипарламентӣ байни Тоҷикистон ва Беларус баррасӣ гардид
Дар Душанбе таҳкими фаъолияти гурӯҳҳои дӯстии байнипарламентии Тоҷикистону Олмон муҳокима гардид
Ҷаласаи навбатии иҷлосияи якуми Маҷлиси намояндагон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Ҳайати Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон дар иҷлосияи 32-юми солонаи Ассамблеяи парлумонии САҲА иштирок дорад
Дар Маҷлиси намояндагон бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҳамоиши идона доир гардид
Ҳайати Маҷлиси намояндагон дар Форуми 20-уми СММ оид ба идоракунии интернет иштирок дорад
Ваҳдати миллӣ арзишмандтарин бозёфт дар таърихи навини давлатдории миллати тоҷик мебошад
Барно Саидвализода: «Ваҳдати миллӣ – ин неъмати бузургу кафолати зиндагии шоистаро пойдор нигоҳ бидорем»