Дар Парлумон оид ба шоҳасари «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуров ва шуҳрати он ҳамоиш баргузор шуд
ДУШАНБЕ, 11.06.2022 /АМИТ «Ховар»/. Бо ташаббуси дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиш дар мавзӯи «Шоҳасари «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуров ва шуҳрати он» баргузор гардид. Дар ин бора котиби матбуоти Маҷлиси намояндагон Муҳаммадато Султонов ба АМИТ «Ховар» хабар дод.
Дар назди иштирокдорони ҳамоиш номзадҳои илми таърих, Нозим Ҳакимов ва Ҷонибеки Асрориён баромад намуда, иброз намуданд, ки маҳз дар даврони Шӯравӣ ба асарҳои худ гузоштани унвони «Тоҷикон» кори бениҳоят душвору мураккаб ва иҷронашаванда маҳсуб меёфт, вале фарзанди фарзонаи халқи тоҷик, академик Бобоҷон Ғафуров ин кори душвору сангинро бо фахри баланди миллӣ анҷом дода, ба шоҳасари хеш номи «Тоҷикон»-ро гузошт, ки онро ҷасорати беҳамто ва қаҳрамонии нотакрор номидан мумкин аст. Бесбаб нест, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нашри «Тоҷикон»-ро дар он давра ҷасорату матонати бузург номида, ба он чунин баҳои ҳаққонӣ медиҳанд: «Тоҷикон» воқеан, шиносномаи миллат аст. Ин шоҳасари безавол, ки самараи меҳнати сӣ солаи олим аст, аз ҷумлаи тадқиқоти бунёдӣ ва фарогирандаи таърихи халқҳои Осиёи Марказӣ ба шумор меравад. Ин асар, бар ҳақ, китоби рӯйимизии ҳар як фарди соҳибмаърифати тоҷик мебошад ва барои худогоҳии миллӣ ва рушди тафаккури таърихии мардуми мо чун обу ҳаво зарур аст».
Дотсенти кафедраи таърихи халқи тоҷики Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Юсуфи Шодипур дар мақолааш «Шоҳасари «тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуров ва шуҳрати он» чунин менависад «Бобоҷон Ғафуров то рӯзҳои вопасини зиндагии худ пайваста машғули тавзеҳ ва такмили асари асосиаш-«Тоҷикон» буд. Дар 30 соли кори эҷодии худ дар сари таърихи халқи тоҷик Бобоҷон Ғафуров ҳаҷми асарашро се марортиба зиёд намуда, онро аз як китоб ба ду китоб мерасонад. Ин асар ба забонҳои тоҷикӣ ва русӣ дар шаҳрҳои Душанбе ва Москва шаш маротиба ба табъ расидааст. «Тоҷикон» натанҳо аз ҷиҳати ҳаҷм ва гунҷоиш, балки бештар мазмунан низ ғанӣ ва пурра гардидааст».
Академики Академияи илмҳои Иттиҳоди Шӯравӣ Тоҷикистон Муҳаммадҷон Осимӣ пиромуни хизматҳои арзандаи Бобоҷон Ғаффуров чунин ибрози ақида намудааст: «Тақдири миллат ва ҳифзи шаъну шарафи он то нафаси вопасин Бобоҷон Ғафуровро ором намегузошт. Ҳар гоҳ, ки дар бораи хизматҳои шоистаи Бобоҷон Ғафуров дар назди миллати худ сухан меравад, пеш аз ҳама, шоҳасари ӯ «Тоҷикон» пеши чашмамон ҷилвагар мешавад. Як худи ҳамин асар кофист, ки номи Бобоҷон Ғафуров дар саҳифаҳои таърихи халқамон бо ҳарфҳои заррин сабт шавад. Ва ҳол он ки тамоми фаъолияти бошууронаи Бобоҷон Ғафуров дар роҳи ҳифзи шаъну шараф, баланд бардоштани обрӯю эътибори миллати тоҷик равон шуда буд».
Дар фарҷоми ҳамоиш олимони шинохта Нозим Ҳакимов ва Ҷонибеки Асрориён ба саволҳои сершумори кормандони масъули Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон посух гуфтанд.
Акс: МН МО ҶТ








Маҷлиси намояндагон тағйирот ба Конвенсия оид ба авиатсияи граждании байналмилалиро қабул намуд
Дар Танзания вохӯрии ҳамоҳангсозии роҳбарони ҳайатҳои парлумонии давлатҳои аъзои СААД доир шуд
Ҷаласаи навбатии иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Даври дуюми Мактаби САҲА оид ба дипломатия, роҳбарӣ ва сулҳоварӣ барои ҷавондухтарон оғоз гардид
Дар Маҷлиси намояндагон бахшида ба Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши идона баргузор гардид
Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ оромгоҳи Мир Сайид Алии Ҳамадониро зиёрат намуданд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум доир гардид
Созишнома байни Ҳукумати Тоҷикистон ва Ҳукумати Амороти Муттаҳидаи Арабӣ оид ба алоқаи ҳавоӣ қабул гардид
Ҷаласаи якуми иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Доир ба рушди дипломатияи парламентӣ дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон ҳамоиш баргузор шуд
Ҳамкории байнипарламентии Тоҷикистон ва Қазоқистон тақвият меёбад
Мавсума Муинӣ: «Мавқеъ ва саҳми занон дар дипломатияи парламентии Ҷумҳурии Тоҷикистон намоён аст»






