Дар шаҳри Гулистон таҳти унвони «Пайки Ваҳдат» силсилаи барномаҳои фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор мегарданд

Июнь 18, 2022 09:22

ДУШАНБЕ, 17.06.2022. /АМИТ «Ховар»/. «Пайки Ваҳдат» — таҳти ин унвон Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон бахшида ба 25-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва 30-юмин солгарди баргузории Иҷлосияи тақдирсози 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Боғи «24-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» силсилаи барномаҳои фарҳангӣ-фароғатиро роҳандозӣ намудааст, ки то охири моҳи июн идома меёбанд.

Тавре аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, шоми 14 июн дар Боғи «24-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз ҷониби санъаткорони Ҷамоати шаҳраки Консой барномаи ҷолиби фарҳангӣ манзури сокинону меҳмонони шаҳр гардонида шуд.

Дар барномаи фарҳангӣ намояндагон аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва дигар соҳаҳои хоҷагии халқ, сокинон ва мењмонони шаҳри Гулистон иштирок доштанд. Сокинон бо рӯҳияи болида ба сайру гашт баромада, аз тамошои барномаи фарҳангӣ шоми фароғатии худро рангин намуданд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон

Июнь 18, 2022 09:22

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи ҳифзи мероси фарҳангӣ ва хаттӣ густариш меёбад
Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти рушди соҳаи китобдорӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад