ДЗЮДО. Паҳлавонони тоҷик дар мусобиқаи «Tbilisi Grand Slam- 2022» иштирок мекунанд

Июнь 1, 2022 10:55

ДУШАНБЕ, 01.06.2022 /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан  хабар додем, аз 3  то 5  июн дар  шаҳри Тбилиси-  пойтахти Гурҷистон Мусобиқаи ҷаҳонӣ оид ба намуди гӯштини дзюдо  «Tbilisi Grand Slam- 2022»  баргузор мегардад. Дар ин мусобиқаи фароқоравӣ аз рӯи 7 вазн  285 варзишгар  аз 38 кишвари ҷаҳон иштирок мекунанд, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар Федератсияи дзюдои Тоҷикистон.

Дар мусобиқаи «Tbilisi Grand Slam 2022» Тоҷикистонро дар сабқати мардон Нуралӣ Эмомалӣ, Шаҳбоз Саидаброров (ҳарду дар вазни то 66 кг), Маҳмадшариф Наҷмуддинов, Муҳаммадраҳим Сарахонов (ҳарду дар вазни то 73 кг), Шодмон Ризоев, Муҳаммадҷон Абдуҷалилов (ҳарду дар вазни то 81 кг), Кароматулло Ҳакимов (дар вазни то 90 кг), Мансур Раҳмон ва Абубакри Акобир (ҳарду дар вазни то 100 кг) намояндагӣ менамоянд.

Дар рӯзи аввали мусобиқа- 3 июн қувваозмоиҳо дар вазнҳои -60 кг, -66 кг миёни мардон ва -48 кг, -52 кг, -57 кг миёни занон баргузор мешаванд. Дар рӯзи дуюм – 4 июн гӯштингирони вазнҳои -73 кг, -81 кг миёни мардон ва -63 кг, -70 кг миёни занон рақобат хоҳанд кард. Мусобиқа 5 июн бо қувваозмоиҳо дар вазнҳои -90 кг, -100 кг, +100 кг миёни мардон ва -78 кг ва +78 кг миёни занон ба поён мерасанд.

Варзишгарон дар ин мусобиқаи байналмилалӣ ба ҷуз аз медал соҳиби имтиёзҳо мешаванд. Инчунин ба беҳтаринҳо ҷоизаҳои молӣ тақдим мегарданд. Барои ҷои аввал 5000 евро, ҷои дуюм — 3000 ва ҷои сеюм 1500 евро пешбинӣ шудааст.

Ёдовар мешавем, ки соли гузашта дар мусобиқаи «Tbilisi Grand Slam 2021» ду паҳлавони шинохтаи тоҷик – Шаҳбоз Саидаброров ва Комроншоҳи Устопириён ширкат доштанд. Шаҳбоз медали биринҷӣ ба даст овард, вале Комроншоҳ ноком шуд.

Ин мусобиқаи панҷум аз сайри ҷаҳонии дзюдо  дар  соли  2022 мебошад, ки доир мегардад. Мавриди зикр аст, ки варзишгарони тоҷик дар чор мусобиқаи гузашта 3 медал ба даст оварданд. Комроншоҳ Устопириён дар «Гран Прии Португалия»   (28-30 январ) дар вазни -90кг, Темур Раҳимов дар «Гранд Слами Тел Авив» (17-19 феврал) ва «Гранд Слами Анталия»  (1-3 апрел) сазовори медали биринҷӣ шуда буданд.

Муҳлати системаи интихобии олимпии Париж-2024 дар намуди гӯштини дзюдо 26 июн оғоз мегардад. Аллакай варзишгарон дар мусобиқаи оянда – Гранд Слами Уланбатор (24-26 июн) ба ҷамъоварии холҳои олимпӣ шурӯъ мекунанд.

                                                                                  АКС аз манбаъҳои боз

Июнь 1, 2022 10:55

Хабарҳои дигари ин бахш

Соли 2025 варзишгарони Тоҷикистон аз мусобиқаҳои сатҳи байналмилалӣ 510 медал ба даст оварданд
Варзишгарони Тоҷикистон аз Ҷоми ҷаҳон оид ба армрестлинг ва пара-армрестлинг бо 22 медал ба Ватан баргаштанд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2025 дар Тоҷикистон беш аз 11 ҳазор иншооти варзишӣ фаъолияти пурсамар намуданд
ФУТБОЛ. 5 феврал қуръакашии тақвими чемпионати Тоҷикистон-2026 баргузор мешавад
Варзишгарони Тоҷикистон дар Ҷоми ҷаҳон оид ба армрестлинг ва пара-армрестлинг 22 медал ба даст оварданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) оид ба футбол бо ҳамтоёнаш аз Ҳиндустон бозии дӯстона анҷом дод
Шаҳром Самиев фаъолияташро дар бошгоҳи футболи «Ал-Карма»-и Ироқ идома медиҳад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Донишҷӯёни Донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ аз мусобиқаҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ 446 медал ба даст оварданд
Дар Душанбе Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба ҷиу-ҷитсу байни калонсолон баргузор гардид
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал иштирокашро дар Ҷоми Осиё-2026 ба анҷом расонид
Дар Клуби марказии варзишии Артиши Вазорати мудофиаи Тоҷикистон дастаи занона таъсис ёфт
Пагоҳ дар Душанбе Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба ҷиу-ҷитсу байни калонсолон баргузор мешавад