ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои бозӣ бо Мянма дар шаҳри Бишкек омодагӣ мегирад

Июнь 7, 2022 16:12

ДУШАНБЕ, 07.06.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол  зери роҳбарии мутахассиси хорватӣ Петр Сегрт омодагиро барои бозиҳои интихобии Ҷоми Осиё – 2023 муқобили  дастаи мунтахаби Мянма дар шаҳри Бишкек идома дода истодааст, хабар медиҳад шореҳи варзиши АМИТ «Ховар»  бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон.

Аз ин пеш дастаи  мунтахаби Тоҷикистон дар Дубай тамринҳои дастаҷамъонаашро ҷиҳати иштироки фаъолона дар бозиҳои интихобии Ҷоми Осиё-2023  гузаронида буд.

Қобили зикр аст, ки дастаи мунтахаби  Тоҷикистон нахустин бозии хешро дар мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё – 2023 дар гурӯҳи «F»  8  июни соли равон бо  дастаи мунтахаби Мянма доир мекунад. Вохӯрии дастаҳо дар варзишгоҳи ба номи Долон  Омурзоқов,  соати 15:30 ба вақти Душанбе баргузор мешавад. Рақибони дигари  дастаи мунтахаби  Тоҷикистон дастаҳои мунтахаби  Сингапур (11 июн) ва Қирғизистон (14 июн) хоҳанд буд. Ҳамаи бозиҳо дар варзишгоҳи ба номи Долон Омурзоқови шаҳри Бишкек баргузор мешаванд. Бар асоси натиҷаи  марҳилаи интихобӣ ғолибони шаш гурӯҳи интихобӣ ва панҷ дастаи беҳтарини дар зинаи дуюм ҷой гирифта,  ба қисмати финалии Ҷоми Осиё-2023 роҳ меёбанд.

Бозиҳои интихобии Ҷоми Осиё-2023

Гурӯҳи «F»

Даври 1
8 июн (чоршанбе)

15:30 – Тоҷикистон  – Мянмар

20:00 – Қирғизистон – Сингапур

Даври 2
11 июн (шанбе)

15:30 – Сингапур – Тоҷикистон

20:00 – Мянмар – Қирғизистон

Даври 3
14 июн (сешанбе)

15:30 – Мянмар – Сингапур

20:00 – Қирғизистон – Тоҷикистон

Оғози бозӣ ба вақти Душанбе аст.

Акс: ФФТ

Июнь 7, 2022 16:12

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Паҳлавонони Тоҷикистон дар Мусобиқаи байналмилалии «Zagreb Grand Prix» оид ба гӯштини ҷудо иштирок менамоянд
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд
Дастаи миллии Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи мунтахаби Узбекистон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад