ФУТБОЛ. Имрӯз мавсими нави чемпионати Тоҷикистон миёни дастаҳои занона оғоз мешавад
ДУШАНБЕ, 05.06.2022 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 5 июн мавсими нави Лигаи футболи бонувони Тоҷикистонн оғоз шуда, дар ду давр баргузор мешавад ва дар он ҳар даста ҳам дар хона ва ҳам дар меҳмонӣ бозӣ мекунад. Дар маҷмӯъ, дастаҳо дар як мавсим 18- бозигӣ хоҳанд кард. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар доданд.
Дар мавсими нави лигаи занона 10 даста – «Зебонисо» (Душанбе), «Ситора» (Шаҳринав), «Суғд» (Суғд), «Бунҷикат» (Шаҳристон), «Конибодом» (Конибодом), «Хатлон» (Бохтар), «Ҳосилот» (Фархор), «Зебо» (Дӯстӣ), «Бешкент» (Носири Хусрав) ва Муассисаи давлатии Мактаби варзишии Кӯлоб (МДМВ) ширкат мекунанд.
Тибқи анъана, Федератсияи футболи Тоҷикистон барои дастаҳои занона либосҳои варзишӣ, тӯб ва пойафзол пешниҳод мекунад. Инчунин ҳаққи музди доварон, роҳкиро ва буду боши дастаҳоро дар бозиҳои сафарӣ федератсия пардохт мекунад.
Чемпионати Тоҷикистон-2022 миёни дастаҳои занона
Даври 1
5 июн (якшанбе)
Оғоз – соати 9:00
«Конибодам» (Конибодом) – «Ҳосилот» (Фархор)
«Зебо» (Дӯстӣ) – «Суғд» (Суғд)
«Ситора» (Шаҳринав) – «Зебонисо» (Душанбе)
«Хатлон» (Бохтар) – МДМВ (Кӯлоб)
«Бунҷикат» (Шаҳристон) – «Бешкент» (Носири Хусрав)
Даври 2
12 июн (якшанбе)
Оғоз – соати 9:00
«Ҳосилот» (Фархор) – «Бешкент» (Носири Хусрав)
МДМВ (Кӯлоб) – «Бунҷикат» (Шаҳристон)
«Зебонисо» (Душанбе) – «Хатлон» (Бохтар)
«Суғд» (Суғд) – «Ситора» (Шаҳринав)
«Конибодом» (Конибодом) – «Зебо» (Дӯстӣ)
Акс: ФФТ








Аъзои дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бар ҳамсолонашон аз Фиҷи пирӯз шуданд
«KING’S CUP 2026». Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоии мусобиқа бо тими яккачини Умон бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал бозии дӯстонаи дуюмро бо Узбекистон мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар оғози Мусобиқаи «Рanda Сup-2026» бо Кореяи Ҷанубӣ ҳисоби бозиро мусовӣ кард
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад






