Гўштингири тоҷик Суннат Абдуллоев дар Чемпионати Осиё миёни наврасон медали нуқра гирифт
ДУШАНБЕ, 21.06.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар рӯзи дуюми Чемпионати Осиё оид ба гўштин миёни наврасон (U-17) дар равияи юнонӣ-римӣ, ки дар шаҳри Бишкеки Ҷумҳурии Қирғизистон ҷараён дорад, варзишгари тоҷик Суннат Абдуллоев дар вазни -65кг ҷои дуюмро сазовор шуд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон хабар доданд.
Суннат дар даври интихобӣ бар варзишгари Ҷопон Какиру Сакаӣ, дар чорякфинал бар намояндаи Туркманистон Какабай Какабаев, дар нимфинал бар варзишгари Кореяи Ҷанубӣ Тиёнг Квон пирӯз шуда, ба финал баромад. Аммо дар даври ниҳоӣ аз варзишгари мизбон Кутман Темирбеков мағлуб гардида, ҷои дуюмро сазовор шуд.
Ёдрас мешавем, ки дар рӯзи аввали чемпионат Ҳусейн Ҳасанов дар вазни -60кг медали биринҷӣ ба даст овард.
Аввалин маротиба аст, ки Чемпионати Осиё оид ба гўштин дар ду категорияи синну сол – то 17-солаҳо ва то 23-солаҳо дар як вақт доир мегардад.
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар ҳайати 14 нафар – 8 нафар миёни наврасон, 6 нафар миёни ҷавонон ба Бишкек сафарбар гардидаанд.
Тибқи низомнома, мусобиқа миёни наврасони то 17-сола фардо ва пасфардо бо рақобатҳои духтарон ва писарон дар равияи гўштини озод идома меёбад. 23 июн қувваозмоиҳо миёни ҷавонони то 23-сола оғоз мегардад.
АКС: КМО Тоҷикистон








Иштирокдорони Бозиҳои 20-уми Осиёӣ—2026-ро дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе истиқбол гирифтанд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар бозии дӯстона бар тими миллии Чин пирӯз шуд
Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол бо дастаи мунтахаби Чин бозии дӯстона анҷом медиҳад
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Дастаи мунтахаби духтаронаи Тоҷикистон (U-17) бо тими Урдун мусовӣ бозӣ кард
Дар Сафорати Тоҷикистон дар Салтанати Умон бо дастаи мунтахаби олимпии футболи Тоҷикистон вохӯрӣ доир шуд
Дар Ҷамоати деҳоти Роҳатии ноҳияи Рӯдакӣ иншооти нави таълимию варзишӣ ба истифода дода шуданд
Дар вилояти Хатлон беш аз 40 мактаби варзишӣ фаъолият дорад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Русия бозии дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагиро ба бозӣ бо мунтахаби Чин оғоз намуд
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) бо ҳамсолони худ аз Умон ду бозии дӯстона анҷом медиҳад
Дар ноҳияи Мурғоб майдончаҳои нави варзишӣ ба истифода дода шуданд
«ФУТБОЛ — ОМИЛИ ВАҲДАТ ВА ҲАМДИЛИИ ҶАВОНОН». Байни устодону кормандони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мусобиқаи футболи хурд доир гардид






