«Истиқлол» дар бозии даври 9-уми мусобиқоти қаҳрамонии Тоҷикистон бар дастаи «Равшан»-и Зафаробод ғолиб омад
ДУШАНБЕ, 22.06.2022 /АМИТ «Ховар»/. Шоми дирӯз дар шаҳри Хуҷанд дар Варзишгоҳи «Спартак» бозии ба таъхир гузошташудаи даври 9-уми мусобиқоти қаҳрамонии Тоҷикистон миёни дастаҳои футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе ва «Равшан»-и ноҳияи Зафаробод дар сатҳи баланд баргузор гардид. Дар бозии мазкур дастаи футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе бо ҳисоби калони 4:0 дастаи «Равшан»-и ноҳияи Зафарободро мағлуб намуд, хабар медиҳад шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон.
Дар ин вохӯрии ҷолиб голҳои дастаи футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанберо Шервони Мабатшоев, дар дақиқаи 13, Алиҷон Кароматуллозода, 45+1 Эрадҷ Раҷабов, 64 ба дарозаи худ ва Рустам Соиров, 68 (0:4) ба нишон расониданд.Беҳтарин бозингари бозии маскур: Шервони Мабатшоев аз дастаи футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе дониста шуд.
Натиҷаи дастаҳо дар ҷадвали Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои Лигаи олӣ
Б Ғ М Б Т И
1 «Хатлон» (Бохтар) 8 5 3 0 10-4 18
2 КМВА(Душанбе) 7 4 1 2 11-10 13
3 «Равшан» (Кӯлоб) 6 3 2 1 6-5 11
4 «Файзканд» (Восеъ) 7 3 2 2 10-11 11
5 «Хуҷанд» (Хуҷанд) 8 2 4 2 6-4 10
6 «Истиқлол» (Душанбе) 4 2 2 0 8-3 8
7«Эсхата» (Хуҷанд) 6 2 1 3 11-12 7
8 «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) 8 2 1 5 8-11 7
9 «Равшан» (Зафаробод) 8 1 3 4 8-15 6
10 «Истаравшан» (Истаравшан) 7 1 1 5 7-7 4
Рӯйхати голзанҳои пешсаф: Дилшод Бозоров, Шарафҷон Солеҳов (КМВА) бо 5 тӯбӣ, Мбеке Сиябатчу Деудони («Истаравшан»), Санҷар Рихсибоев («Эсхата»), Фатҳулло Фатҳуллоев («Регар-ТадАЗ») – бо 4 тӯбӣ қарор доранд.
АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон








Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд






