«Истиқлол» дар бозии даври 9-уми мусобиқоти қаҳрамонии Тоҷикистон бар дастаи «Равшан»-и Зафаробод ғолиб омад

Июнь 22, 2022 10:35

ДУШАНБЕ, 22.06.2022 /АМИТ «Ховар»/. Шоми  дирӯз  дар шаҳри Хуҷанд дар Варзишгоҳи «Спартак»  бозии ба таъхир гузошташудаи даври 9-уми мусобиқоти қаҳрамонии Тоҷикистон миёни  дастаҳои футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе  ва  «Равшан»-и ноҳияи Зафаробод дар сатҳи баланд баргузор гардид.  Дар   бозии мазкур  дастаи футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе  бо ҳисоби калони 4:0 дастаи «Равшан»-и ноҳияи Зафарободро мағлуб намуд, хабар медиҳад шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон.

Дар ин  вохӯрии ҷолиб  голҳои  дастаи  футболи  «Истиқлол»-и шаҳри Душанберо Шервони Мабатшоев, дар дақиқаи  13, Алиҷон Кароматуллозода, 45+1  Эрадҷ Раҷабов, 64  ба дарозаи худ   ва    Рустам Соиров, 68 (0:4) ба  нишон  расониданд.Беҳтарин бозингари  бозии маскур: Шервони Мабатшоев   аз  дастаи футболи  «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе дониста шуд.

Натиҷаи дастаҳо дар ҷадвали Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои Лигаи олӣ

                                                                 Б  Ғ  М  Б  Т    И
1  «Хатлон» (Бохтар)                            8  5  3  0  10-4  18

2  КМВА(Душанбе)                               7  4  1  2  11-10   13

3  «Равшан» (Кӯлоб)                            6  3  2  1  6-5  11

4  «Файзканд» (Восеъ)                         7  3  2  2  10-11  11

5 «Хуҷанд» (Хуҷанд)                            8  2  4  2  6-4    10

6 «Истиқлол» (Душанбе)                  4 2  2  0  8-3 8

7«Эсхата» (Хуҷанд)                            6  2  1  3  11-12 7

8  «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода)        8  2  1  5  8-11   7

9  «Равшан» (Зафаробод)                  8  1  3  4  8-15  6

10   «Истаравшан» (Истаравшан)   7  1  1  5  7-7    4

Рӯйхати голзанҳои пешсаф: Дилшод Бозоров, Шарафҷон Солеҳов (КМВА) бо  5 тӯбӣ, Мбеке Сиябатчу Деудони («Истаравшан»), Санҷар Рихсибоев («Эсхата»), Фатҳулло Фатҳуллоев («Регар-ТадАЗ») – бо  4 тӯбӣ  қарор доранд.

                                                         АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон

 

                                                           

Июнь 22, 2022 10:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Турсунзода курсҳои ФИФА барои доварони Тоҷикистон оғоз шуданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) омодагиҳоро ба Ҷоми ҷаҳон-2025 оғоз кард
Дар Федератсияи футболи Тоҷикистон ҷаласаи Кумитаи маркетинг баргузор шуд
Тоҷикистонро дар мусобиқаи «Ulaanbaatar Grand Slam-2025» оид ба гӯштини ҷудо 12 варзишгар муаррифӣ мекунад
Дар шаҳри Хуҷанд Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба бокс байни калонсолон оғоз гардид
Сомон Турсунзода барандаи медали нуқраи Чемпионати Аврупо оид ба ҷудо байни наврасон гардид
Чемпионати Ассотсиатсияи волейболи Осиёи Марказӣ ҷамъбаст гардид
Дар Душанбе ҷаласаи Кумитаи футзали Федератсияи футболи Тоҷикистон баргузор гардид
Мусобиқаҳои варзишӣ оид ба футболи хурд ва шоҳмоту шашка байни кормандони вазорату идораҳо ҷамъбаст шуд
ФУТБОЛ. Мунтахаби Тоҷикистон «CAFA Nations Cup 2025»-ро бо бозӣ муқобили Малайзия оғоз менамояд
Дастаи Академияи футболи ФФТ дар Мусобиқаи «Ҷоми Қошғар» сазовори ҷои дуюм гардид
Дар Душанбе Чемпионати Ассотсиатсияи волейболи Осиёи Марказӣ (CAVA) оғоз гардид