Кӯдакону наврасон аз оилаҳои ниёзманд ва мактаб-интернатҳои ҷумҳуриявӣ ба лагери истироҳатии беруназшаҳрӣ сафарбар гардиданд

Июнь 16, 2022 15:56

ДУШАНБЕ, 16.06.2022 /АМИТ «Ховар»/. Субҳи имрӯз дар назди Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон маросими сафарбар намудани кӯдакону наврасон ба лагерҳои истироҳатии беруназшаҳрӣ баргузор гардид. Кӯдакону наврасон аз мактаб-интернатҳои ҷумҳуриявии ноҳияҳои Шамсиддин Шоҳин ва Ҷалолиддин Балхӣ ва оилаҳои камбизоати корхонаю муассисаҳои давлатӣ, аз ҷумла соҳаҳои сохтмон, бофандагӣ ва хоҷагиҳои коммуналӣ ба лагери истироҳатии “Ширкент”-и шаҳри Турсунзода фиристода шуданд. Дар ин бора ба АМИТ “Ховар” дар ФИКМТ иттилоъ доданд.

Дар истироҳатгоҳи мазкур барои қабули онҳо тамоми шароитҳои зарурӣ муҳайё шудаанд. Қабл аз ҳама, корҳои таъмир, муҷаҳҳазгардонии биноҳо, майдончаҳои варзишӣ ва ҳавзҳои шиноварӣ ба анҷом расонида шуда, ба меъёрҳои муқаррарнамудаи мақомоти ваколатдори назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ ва бехатарӣ аз сӯхтор ҷавобгӯ мебошанд.

Дар назди ҳозирин Раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон Маликшо Неъматзода иброз намуд, ки ғамхорӣ нисбат ба қишрҳои ниёзманди аҳолӣ, бахусус кӯдакон ва наврасон яке аз масъалаҳои асосии сиёсати иҷтимоии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҳсуб меёбад.

«Дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро вобаста ба тарбияи кӯдакону наврасон дар рӯҳияи ватандӯстӣ, хештаншиносӣ, беҳсозии солимии ҷомеа ба роҳбарӣ гирифта, Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 апрели соли 2022 “Дар бораи ташкили истироҳати тобистонаи кӯдакон ва наврасон дар соли 2022”-ро мавриди иҷро қарор дода, корҳои омодагиро дар ин самт муваффақона пеш мебарад», — афзуд номбурда.

Мувофиқи маълумотҳои дастрасгардида, аз ташкилотҳои ҳамузви Федератсия имсол 50 лагери беруназшаҳрӣ ҷиҳати қабули кўдакону наврасон дар мавсими тобистони соли равон изҳори омодагӣ намуданд. Аз ҷумла дар ВМКБ 7 лагер, вилояти Суғд-19, вилояти Хатлон — 7 ва дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 17 лагер барои қабули кӯдакону наврасон омода мебошанд.

Аз маълумоти пешакии ташкилотҳои ҳамузви Федератсия, мавсими соли 2022 дар истироҳатгоҳҳои беруназшаҳрии “Сағирдашт”-и ноҳияи Дарвоз, “Зинг”-и ноҳияи Ванҷ, Литсейи касбӣ-техникии “Насими Ғунд”, “Саодат”, “Чашмасорон”-и ноҳияи Шуғнон, “Гармчашма”-и ноҳияи Ишкошими ВМКБ, «ҶДММ Шоҳин»-и шаҳри Гулистон, “Чароғак”-и шаҳри Гулистон, ”Офтобак”, “Оташак”, ”Гагарин”-и шаҳри Исфара, “Парасту”-и шаҳри Конибодом, МС «Суғд»-и ноҳияи Б. Ғафуров, “Чиларча”-и шаҳри Панҷакент, “Парасту”, “Чашма”,”Эделвейс”-и ноҳияи Шаҳристон “-и вилояти Суғд, “Шарора”-и ноҳияи Мўъминобод, “Офтобак”-и шаҳри Норак, “Шифобахш”-и ноҳияи Вахш, “Насими Фархор”-и ноҳияи Фархор, “Оби шифо”-и ноҳияи Темурмалики вилояти Хатлон, ФСК “Ширкент”-и Кумитаи иттифоқи касабаи ҶСК “Ширкати алюминийи тоҷик”-и КМ иттифоқи касабаи “Тоҷикметалл”, “Файзи истиқлол”-и кумитаи ҷумҳуриявии иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Тоҷикистон, “Лира”-и кормандони фарҳанг, “Обшорон”-и комплекси агросаноатӣ, “Барқчиён”-и кормандони энергектика, истироҳатгоҳи “Истиқлол”-и кормандони соҳаи алоқа, «Чангоб»-и МИҲД шаҳри Ҳисор ва дигар мавзеҳои истироҳатӣ (истироҳатгоҳҳои наздимактабӣ,меҳнатӣ-истироҳатӣ,фароғатӣ-таълимӣ, истироҳатгоҳҳои наздиинтернатӣ) кӯдакону наврасон ба истироҳату солимгардонӣ фаро гирифта мешаванд.

Акс: ФИКМТ

Июнь 16, 2022 15:56

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 76-уми Кумитаи минтақавии аврупоии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ иштирок намуд
Форуми дувоздаҳуми миллӣ оид ба волоияти қонун дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дар 10 моҳи соли 2026 беш аз 9 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия бо ҷойи кор таъмин гардиданд
Дар Душанбе нахустин Форуми табибон таҳти унвони «Хатти аввал: Форуми табибони амалияи умумӣ» доир шуд
Дар Хатлон ғолибони даври вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин ҳамсар» муайян шуданд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсия ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ғолибони даври шаҳрии Озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон дар соли 2026» қадршиносӣ шуданд
Доир ба нақши Маркази синошиносӣ дар тарҷума ва таҳқиқи осори Ибни Сино конфронси илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Форуми фарҳангии «Хэхэ-2026» иштирок дорад
Ҳамкории Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Раёсати илм ва технологияи ноҳияи мухтори Шинҷон-Уйғур густариш меёбад
Намояндаи Кумитаи бехатарии озуқавории Тоҷикистон дар иҷлосияи Кумитаи амнияти озуқавории ҷаҳонӣ дар Рим иштирок намуд
ЛОЛА ВА СИЁҲГӮШ: Аз мероси табиат то рамзи худшиносии миллӣ