Кишоварзони Турсунзода дар майдони 4500 гектар шолӣ кишт менамоянд
ТУРСУНЗОДА, 23.06.2022 /АМИТ «Ховар»/. Деҳқонони шаҳри Турсунзода соли равон майдони кишти шолиро боз ҳам васеътар намуда, нақша доранд кишти шолиро ба 4 ҳазору 500 гектар расонида, ҳосилнокии онро боз ҳам афзун намуда, дар таъмини амнияти озуқавории мамлакат саҳми арзанда гузоранд.
Муовини Раиси шаҳр Пардаалӣ Турсунзода ба мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» гуфт, ки дурнамои кишти асосии шолӣ дар сохтори кишоварзӣ ва заминҳои хоҷагии ёрирасону наздиҳавлигӣ дар деҳоти шаҳр 500 гектар буд. Хушбатона деҳқонони шаҳр то 22 июни соли равон 950 гектар шолӣ кишт намудаанд.
Ҳамчунин дар кишти такрорӣ, пас аз ҷамъоварии ҳосили гандуму ҷав ва картошкаи пешпазаку дигар намуди сабзавотҳо дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ дар 4000 гектар кишти шолӣ ба нақша гирифта шудааст, ки тибқи маълумоти фаврӣ, дар майдони 3415 гектар шолии навъҳои асосан «Юбиле» ва «Лазер» кишт гардидааст.
Имрӯзҳо баҳри иҷрои нақшаи дарпешистода кишти шолӣ муташаккилона идома дорад.
Мувофиқи ҳисоботи омории шаҳри Турсунзода, кишоварзони шаҳр соли 2022 дар майдони 8119,3 гектар ғалладона кишт намуданд, ки имрӯзҳо ҷамъоварии ҳосили он муташаккилона идома дорад.
Тибқи маълумоти фаврӣ, ба ҳолати 22 июни соли равон аз майдони 5562,3 гектар ғалладонагӣ ҷамъоварӣ гардид, ки ҳосилнокии он аз ҳисоби заминҳои обӣ аз як гектар 43 сентнер ва аз ҳисоби заминҳои лалмӣ 16 сентнерро ташкил дода истодааст.
Ёдовар мешавем, ки кишоварзони шаҳри Турсунзода соли 2021 дар майдони 4 ҳазору 43 гектар шолӣ кишт намуда, 18 ҳазору 269 тонна шолӣ истеҳсол намудаанд, ки дар таъмини амнияти озуқавории мамлакат саҳми муносиби худро гузоштанд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода








Филиали Донишгоҳи миллии таҳқиқотии технологӣ «МИСИС»-ро 127 донишҷӯ хатм намуд
ҶАМЪБАСТИ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ. 14 август дар Филиали Донишкадаи энергетикаи Москва дар шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ доир мегардад
Тоҷикистон ва Ҷопон ҳамкориро дар соҳаи энергетика ва захираҳои об густариш медиҳанд
15 хатмкунандаи Филиали Донишкадаи рушди менеҷменти Сингапур тибқи стандартҳои таълимии Британияи Кабир соҳиби дараҷаҳои магистрӣ шуданд
ПАНҶСОЛАИ РУШДИ САНОАТ. Дар ноҳияи Рашт 10 коргоҳи истеҳсолию корхонаи саноатӣ ба истифода дода мешавад
Ғолибони даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» муайян гардиданд
Бонки миллии Тоҷикистон аз паҳн гардидани боз як навъи қаллобӣ ҳушдор медиҳад
Дар Бохтар оид ба кам кардани талафоти неруи барқ ҷаласа доир гардид
Ҷалби сармояи Чин ба соҳаҳои афзалиятноки иқтисоди Тоҷикистон баррасӣ гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 40 дараҷа гарм мешавад






