КОРВОНИ ЗИДДИМУХАДДИРОТӢ — 2022. Таҳти ин унвон дар як қатор шаҳрҳои Тоҷикистон чорабиниҳои фарҳангӣ-фароғатӣ ва варзишӣ гузаронида мешаванд

Июнь 19, 2022 11:36

ДУШАНБЕ, 19.06.2022 /АМИТ «Ховар»/. Шурӯъ аз 15 то 25  июн дар  шаҳрҳои Хоруғ, Кӯлоб, Бохтар, Хуҷанд, Турсунзода ва Душанбе бахшида ба Рӯзи байналмиллаии мубориза бар зидди сӯиистеъмоли маводи нашъадор ва муомилоти ғайриқонунии он таҳти унвони «Корвони зиддимухаддиротӣ – 2022» чорабиниҳои фарҳангию фароғатӣ ва варзишӣ доир карда мешаванд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Чорабиниҳои мазкур бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дар доираи татбиқи «Стратегияи миллӣ оид ба назорати маводи нашъаовар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030» баргузор шуда, ба тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим, пешгирӣ ва коҳиш додани сатҳи нашъамандӣ равона гардидаанд.

17 июн «Корвони зиддимухаддиротӣ – 2022» зери шиори «Ҷавонон зидди маводи нашъаовар» ба шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон расид ва кори худро аз он ҷо оғоз намуд.

Ин чорабинӣ дар театри мусиқӣ-мазҳакавии ба номи  Меҳрубон Назарови шаҳри Хоруғ баргузор гардид, ки дар он роҳбарияти вилоят ва шаҳр, намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, кормандони ташкилоту муасиссаҳои гуногун, варзишгарон ва ҷавонони фаъол иштирок ва суханронӣ намуданд.

Иброз гардид, ки бо ҷонибдорӣ аз сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати мамлакат ва иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат дар самти муқовимат бо муомилоти ғайриқонунии маводи нашъадор ва пешгирии нашъамандӣ тамоми тадбирҳои мушаххасу мақсаднокро роҳандозӣ менамоянд.

Дар ин раванд, тазаккур дода шуд, ки Агентии назорати маводи нашъаовар ҳамчун мақоми ҳамоҳангсоз аз рӯзи аввали фаъолияти худ бар зидди қочоқ, интиқол ва паҳншавии маводи мухаддир, ба хусус сӯиистеъмоли он муборизаи оштинопазир мебарад.

Зикр карда шуд, ки вазъияти кунунии ҷомеа ҳар фарди бонангу номуси кишварро водор месозад, ки бо дарку масъулияти баланди худшиносию худогоҳии миллӣ ва инсондӯстию ватандории худ, дар пешгирӣ ва мубориза ба нашъмандӣ бетараф набошанд. Дар ҳамбастаги бо сохторҳои марбута фаъолият намуда, барои коҳиш додани сатҳи нашъамандӣ тамоми тадбирҳоро истифода баран два ҷомеаи шаҳрвандиро аз хавфи нашъамандию нашъаҷаллобӣ муҳофизат намоянд.

Дар доираи чорабинӣ ҳамчунин даври ниҳоии мусобиқаи варзишӣ оид ба волейбол байни ҷавонону наврасони муассисаҳои таҳсилотии шаҳри Хоруғ ҷамъбаст гардида, ғолибони он муайян гаштанд.

Дар мусобиқаи мазкур байни писарон ҷойи аввалро муассисаи  таҳсилоти миёнаи умуми №9, ҷойи дуюмро муассисаи  таҳсилоти миёнаи умуми №3 ва зинаи сеюмро мактаби варзиши шаҳри Хоруғ   соҳиб гардиданд. Миёни дастаҳои духтарона низ муассисаҳои таҳсилотии болозикр ғолиб шуданд.

Инчунин бозингарони беҳтарини дастаҳо интихоб гардида, ба  ғолибони мусобиқа мукофотҳо, аз қабили Ҷом, медалу ифтихорномаҳо ва туҳфаҳои арзишнок тақдим карда шуданд.

Дар қисмати фарҳангию фароғатӣ аз ҷониби ҳунармандони Театри давлатии ҷавонони Тоҷикистон ба номи Маҳмудҷон Воҳидов намоишномаи тарбиявӣ дар самти пешгирии нашъамандӣ ба номи «Модар маро бубахш» манзури тамошобинон гардида, барномаи консертии бахши фарҳанги шаҳри Хоруғ анҷоми чорабиниро хотирмон намуд.

АКС аз бойгонӣ

Июнь 19, 2022 11:36

Хабарҳои дигари ин бахш

Эмомалӣ Раҳмон: «Ҳар корманди милитсия бояд бо рафтору гуфтор, дониш, самимияту эътимод сазовори боварии шаҳрвандон бошад»
Дар Роғун Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Дар Суғд Рӯзи милитсияи тоҷикро ботантана таҷлил намуданд
Дар 26 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ бо биноҳои замонавӣ таъмин шуданд
Рӯзи милитсияи тоҷик дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ботантана таҷлил гардид
10 НОЯБР — РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК. Барои беҳтар намудани шароити хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ беш аз 1500 иншоот бунёд гардидааст
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар вохӯрии котибони Шуроҳои амнияти кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкории ҳуқуқиро тақвият медиҳанд
Дар Вазорати корҳои дохилӣ ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар доираи татбиқи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ тадбирҳои муҳим андешида шудаанд
Ба ифтихори Рӯзи Конститутсия дар Прокуратураи генералӣ маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид