МАРҲАБО БА ПОЙТАХТИ МО! Душанбе моҳи июн ба феҳристи машҳуртарин маконҳо барои москвагиҳо шомил шуд

Июнь 25, 2022 14:47

ДУШАНБЕ, 25.06.2022 /АМИТ «Ховар»/. Туркия, Тоҷикистон, Узбекистон, Арманистон ва Қазоқистон дар қатори кишварҳои беҳтарини сафарҳои хориҷӣ миёни москвагиҳо қарор гирифтанд. Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба агентии «Sputnik»-и Русия хабар медиҳад, дар ин бора дафтари матбуотии «Яндекс.Путешествия» иттилоъ дод.

Аксарияти москвагиҳо — 74% — дар моҳи июн дар шаҳрҳои Русия ва 13%-и дигар дар кишварҳои хориҷи дуру наздик истироҳат кардаанд.

Дар байни шаҳрҳои маъруфтарин Ереван, Анталия, Тошканд, Истамбул ва Душанбе  ном бурда шудаанд. Дар байни шаҳрҳои Русия — Сочи, Калининград, Санкт-Петербург, Минералные Воды ва Махачқалъа интихоб шудаанд.

ДАР АКС: сайёҳони рус дар Тоҷикистон

Ба ҳисоби миёна сокинони пойтахти Русия тақрибан 18 рӯзро дар таътил мегузаронанд. Арзиши тахминии як парвоз бо бозгашт аз Москва:

Узбекистон — 24 ҳазор рубл;

Тоҷикистон – 25,8 ҳазор рубл;

Арманистон — 28,5 ҳазор рубл;

Қазоқистон — 31,8 ҳазор рубл;

Туркия — 41,8 ҳазор рубл;

Озарбойҷон — 46 ҳазор рубл;

АМА — 48,5 ҳазор рубл;

Исроил — 57,8 ҳазор рубл;

Таиланд — 62,4 ҳазор рублро ташкил дод.

Таҳлилгарон зикр карданд, ки шумораи парвозҳо дар моҳи июни соли ҷорӣ нисбат ба моҳи июни соли 2021 — 9% коҳиш ёфтааст.

Ин ба боздоштани фаъолияти фурудгоҳҳои ҷанубии Русия вобаста аст. Аммо шумораи парвозҳо ба хориҷа дар тӯли ин муддат 3 баробар афзоиш ёфтааст.

АКС аз манбаъҳои боз

Июнь 25, 2022 14:47

Хабарҳои дигари ин бахш

Рустами Эмомалӣ бинои нави Институти иқтисодиёт ва демографияро мавриди истифода қарор доданд
Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ барои оғози корҳои сохтмонии маҷмааи IT-Hub Dushanbe санги асос гузоштанд
Моҳи август «Фестивали тобистонаи Душанбе – 2026» баргузор мешавад
Дар шаҳри Душанбе мавсими нави хатсайрҳои сайёҳии дохилишаҳрии «Red Bus Tours» оғоз гардид
«RED BUS TOURS». Имрӯз дар Душанбе мавсими нави хатсайрҳои сайёҳии дохилишаҳрӣ оғоз мегардад
«RED BUS TOURS». Дар Душанбе мавсими хатсайрҳои сайёҳии дохилишаҳрӣ оғоз мегардад
Дар Душанбе Ниммарафони байналмилалии «One run» баргузор шуд
Муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе бо ҳайати шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Русия вохӯрӣ намуд
Дар Душанбе Рӯзҳои шаҳри Санкт-Петербург доир мегарданд
Дар Душанбе Озмуни шаҳрии «Оилаи беҳтарин» ҷамъбаст гардид
Муовини Раиси шаҳри Душанбе дар Конфронси байналмилалии ҳамкорӣ ва рушди бародаршаҳрҳои Чэнду-2026 иштирок намуд
Кумаки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба иштирокчии ҷанг аз Душанбе расонида шуд