МАРҲИЛАИ ИНТИХОБИИ ҶОМИ ОСИЁ-2023. Тоҷикистон дар бозии дуюмаш бо дастаи мунтахаби Сингапур рақобат мекунад
ДУШАНБЕ, 09.06.2022 /АМИТ «Ховар»/. 11 июн бозии дуюми марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2023 дар гурӯҳи «F» миёни дастаҳои футболи мунтахаби Тоҷикистон бо Сингапур ва Мянмар бо Қирғизистон баргузор мегардад, хабар медиҳад шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон.
Аз ин пештар дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон бо роҳбарии сармураббӣ Петр Сегрт дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2023 дар гурӯҳи «F» дар бозии нахустинаш муқобили дастаи мунтахаби Мянмар пирӯз шуд.
Вохӯрии дастаҳо 8 июн дар шаҳри Бишкеки Ҷумҳурии Қирғизистон хеле ҷолиб сурат гирифта, бо ҳисоби 4:0 ба фоидаи футболбозони мо анҷом ёфта буд. Дар ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон Шервонӣ Мабатшоев 2 гол, Манучеҳр Ҷалилов, Эҳсон Панҷшанбе якголӣ ба нишон расониданд.
Ёдрас мешавем, ки марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2023 бо иштироки 24 даста дар шаш гурӯҳ баргузор мешавад ва ғолибони гурӯҳҳо ва 5 дастае, ки дар гурӯҳҳо бо натиҷаи беҳтар ҷои дуюмро ишғол кардаанд, ба марҳилаи финалӣ роҳхат мегиранд.
Бозиҳои интихобии Ҷоми Осиё-2023
Гурӯҳи «F»
Даври 1
8 июн (чоршанбе)
15:30 – ТОҶИКИСТОН – Мянмар – 4:0
20:00 – Қирғизистон – Сингапур — 2:1
Даври 2
11 июн (шанбе)
15:30 – Сингапур – ТОҶИКИСТОН
20:00 – Мянмар – Қирғизистон
Даври 3
14 июн (сешанбе)
15:30 – Мянмар – Сингапур
20:00 – Қирғизистон – ТОҶИКИСТОН
Эзоҳ: оғози бозӣ ба вақти Душанбе аст.








«ФУТБОЛ — ОМИЛИ ВАҲДАТ ВА ҲАМДИЛИИ ҶАВОНОН». Байни устодону кормандони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мусобиқаи футболи хурд доир гардид
Ҷудокорони тоҷик ҳангоми ба даст овардани медалҳои Бозиҳои Осиёӣ бо ҷоизаҳои пулӣ қадрдонӣ мешаванд
Ба ғолибону ҷоизадорони Бозиҳои Осиёӣ-2026 Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешавад
Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол бо дастаи мунтахаби Озарбойҷон бозии дӯстона доир менамояд
Мирзобек Умаров ва Отабек Раҷабов дар Бозиҳои Осиёӣ-2026 аввалин медалҳои тиллоро соҳиб шуданд
Се варзишгари Тоҷикистон ба финали мусобиқаи ММА дар Бозиҳои Осиёии Ҷопон роҳ ёфтанд
Варзишгари тоҷик Беҳрӯз Умаров дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Қазоқистон соҳиби медали тилло гардид
Рамазон Ҷумаев ва Анӯшервон Назарзода соҳиби унвони қаҳрамони Ҷоми ҷаҳон оид ба самбо дар шаҳри Душанбе гардиданд
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои бозиҳои дӯстона бо дастаҳои Озарбойҷон, Фаластин ва Чин муайян гардид
Душанбе маротибаи дуюм мизбони Ҷоми ҷаҳон оид ба самбо мегардад
Варзишгари тоҷик Ҷаҳонгир Камолов дар Мусобиқаи байналмилалии Ҷоми АвруОсиё соҳиби медали тилло шуд
Дар Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон бо варзишгарон-шиноварони Тоҷикистон вохӯрӣ доир гардид






