МАРҲИЛАИ ИНТИХОБИИ ҶОМИ ОСИЁ-2023. Тоҷикистон дар бозии дуюмаш бо дастаи мунтахаби Сингапур рақобат мекунад

Июнь 9, 2022 10:59

ДУШАНБЕ, 09.06.2022 /АМИТ «Ховар»/. 11 июн бозии дуюми  марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2023 дар гурӯҳи «F» миёни дастаҳои футболи мунтахаби Тоҷикистон бо  Сингапур ва Мянмар бо Қирғизистон баргузор мегардад,  хабар медиҳад шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон.

Аз ин пештар  дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон бо роҳбарии сармураббӣ Петр Сегрт дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2023  дар гурӯҳи «F» дар бозии нахустинаш муқобили дастаи мунтахаби Мянмар пирӯз шуд.

Вохӯрии  дастаҳо  8 июн дар шаҳри Бишкеки Ҷумҳурии Қирғизистон хеле ҷолиб  сурат гирифта, бо ҳисоби 4:0 ба фоидаи футболбозони мо анҷом ёфта буд. Дар ҳайати дастаи  мунтахаби  Тоҷикистон Шервонӣ Мабатшоев 2 гол, Манучеҳр Ҷалилов, Эҳсон Панҷшанбе якголӣ ба нишон расониданд.

Ёдрас мешавем, ки марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2023 бо иштироки 24 даста дар шаш гурӯҳ баргузор мешавад ва ғолибони гурӯҳҳо ва 5 дастае, ки дар гурӯҳҳо бо натиҷаи беҳтар ҷои дуюмро ишғол кардаанд, ба марҳилаи финалӣ роҳхат мегиранд.

Бозиҳои интихобии Ҷоми Осиё-2023

Гурӯҳи «F»

Даври 1

8 июн (чоршанбе)

15:30 – ТОҶИКИСТОН – Мянмар – 4:0

20:00 – Қирғизистон – Сингапур — 2:1

Даври 2

11 июн (шанбе)

15:30 – Сингапур – ТОҶИКИСТОН

20:00 – Мянмар – Қирғизистон

Даври 3

14 июн (сешанбе)

15:30 – Мянмар – Сингапур

20:00 – Қирғизистон – ТОҶИКИСТОН

Эзоҳ: оғози бозӣ ба вақти Душанбе аст.

Июнь 9, 2022 10:59

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд