ҶОМИ КФО-2022. Имрӯз КМВА-и Душанбе бо дастаи «Суғдиёна»-и Узбекистон бозӣ мекунад

Июнь 27, 2022 09:17

ДУШАНБЕ, 27.06.2022 /АМИТ «Ховар»/.  Имрӯз, 27 июн дар минтақаи марказӣ даври бозиҳои дуюми марҳилаи гурӯҳии Ҷоми КФО-2022 баргузор мегардад. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар доданд.

Дар ин давр,  дар гурӯҳи «Е» дастаи КМВА–и Душанбе бо бозингарони «Суғдиёна» -и Узбекистон қувваозмоӣ мекунад.

Ёдовар мешавем, ки дар бозии нахустинаш дар марҳилаи гурӯҳии Ҷоми AFC-2022 дар чоргонаи «Е», барандаи медали биринҷии мусобиқоти Чемпионати футболи Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи олӣ КМВА-и Душанбе бо қаҳрамони Туркманистон «Алтин Асир»-и Ашқобод (1:1) мусовӣ кард.

Ҳарду голро дар ин бозӣ футболбозони дастаи КМВА ба  нишон  расониданд. Дар дақиқаи 85-ум ҳамлагари КВМА Элчибек Рашидбеков тўбро ба дарвозаи худаш зад. Абдулло Шарифов дар дақиқаи 90+3 ҳисобро мусовӣ кард.

Дар бозии дигари гурӯҳи «Е», ноиб-чемпиони Узбекистон, «Суғдиёна»-и Ҷиззах барандаи Ҷоми Қирғизистонро дар мавсими гузашта бар тими «Нефтчӣ»-и қӯчқор-аторо бо ҳисоби 2:0 мағлуб кард.

Дар гурӯҳи «Е» барои роҳхати ягонаи даври баъдӣ бо барандаи медали биринҷии чемпионати Тоҷикистон КМВА-и Душанбе бошгоҳҳои «Суғдиёна» (Узбекистон), «Алтин Асир» (Туркманистон) ва «Нефтчӣ» (Қирғизистон) мубориза мебарад. Ҳамаи бозиҳо дар ин чаҳоргона дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе баргузор мешаванд.

Ҷоми КФО- 2022

Минтақаи марказӣ

Гурӯҳи «Е»

Иштирокчиён: «Суғдиёна» (Узбекистон), КМВА (ТОҶИКИСТОН), «Алтин Асир» (Туркманистон), «Нефтчӣ» (Қирғизистон).

Даври 1

24 июн (ҷумъа)

19:00 – «Суғдиёна» (Узбекистон) – «Нефтчӣ» (Қирғизистон) — 2:0

22:00 – «Алтин Асир» (Туркманистон) – КМВА (ТОҶИКИСТОН) – 1:1

Даври 2

27 июн (душанбе)

19:00 – «Нефтчӣ» (Қирғизистон) – «Алтин Асир» (Туркманистон)

22:00 – КМВА (ТОҶИКИСТОН) – «Суғдиён» (Узбекистон)

Даври 3

30 июн (панҷшанбе)

19:00 – «Суғдиёна» (Узбекистон) – «Алтин Асир» (Туркманистон)

22:00 – КМВА (ТОҶИКИСТОН) – «Нефтчӣ» (Қирғизистон).

Акс: ФФТ

Июнь 27, 2022 09:17

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Чемпионати ҷаҳон-2026 оид ба футбол бар тимҳои Бермуд ва Филиппин пирӯз шуд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон пас аз иштирок дар Бозиҳои V параосиёӣ ба Ватан баргаштанд
Ҳайати васеи дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол барои иштирок дар мусобиқаи «Кing’s Сup 2026» эълон гардид
«KING’S CUP 2026». Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоӣ бо тими миллии Умон бозӣ мекунад
Дар Душанбе таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст» машқи пагоҳирӯзӣ баргузор гардид
«Истиқлол» барои роҳхат ёфтан ба плей-оффи Лигаи даъватии КФО-2026/27 бо дастаи «Ҳомс Ал-Фида»-и Сурия бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Қатар бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Ҷоми ҷаҳон-2026 иштирок менамояд
Шоҳрух Назаров якумин медали нуқраи Тоҷикистонро дар таърихи Бозиҳои параосиёии тобистона соҳиб шуд
«Истиқлол» дар бозиҳои даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи даъватии КФО-2026/27 бар ҳарифаш ғолиб омад
Дар шаҳри Хуҷанд Академияи бокс бунёд карда мешавад
Ғолибони Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини ҷудо барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб муайян шуданд