ҶОМИ КФО-2022: КМВА аз «Суғдиёна» шикаст хӯрд
ДУШАНБЕ, 28.06.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар даври дувуми марҳилаи гурӯҳии Ҷоми КФО-2022 дар чаҳоргонаи «Е» барандаи медали биринҷии чемпионати Тоҷикистон КМВА-и Душанбе, ки тамоми қисми дуюми вохӯриро даҳнафара бозӣ кард, аз ноибқаҳрамони Узбекистон дастаи «Суғдиёна» бо ҳисоби 2:3 шикаст хӯрд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад.
Аз ҳайати дастаи шаҳри Душанбе Элчибек Рашидбеков ва Хуршед-Тимур Ҷӯраев гол заданд. Шоҳрӯз Норхонов аз ҳайати «Суғдиёна» ба номаш ду гол сабт кард. Як голи дигарро Ҷасур Ҳасанови 38-сола ба самар расонд.
Дар вохӯрии дигари гурӯҳи «Е» қаҳрамони Туркманистон «Алтин Асир» бар барандаи Ҷоми Қирғизистон дар мавсими гузашта «Нефтчӣ»-и бо ҳисоби 1:0 ғалаба ба даст овард. Муаллифи голи ягона ва пирӯзиовар Мурат Аннаев гардид, зарбаи ҷаримавии 11 метраро вориди дарвоза намуд. Ҳамин тариқ, пас аз ду даври бозӣ «Суғдиёна» шаш имтиёз ба даст оварда, дар ҷадвали мусобиқа пешсаф аст. «Алтин Асир» 4 хол ва КМВА як хол дорад.
Тақдири ҷойи аввали гурӯҳ 30-юми июн паз аз рақобати дастаҳои «Суғдиёна» ва «Алтин Асир» муайян мегардад. Барои баромадан ба даври навбатии мусобиқот бошгоҳи Ӯзбекистонро ҳисоби мусовӣ қаноат мекунад, дар ҳоле ки «Алтин Асир»-ро барои идомаи мубориза дар Ҷоми КФО танҳо пирӯзӣ лозим аст.
Дар даври ниҳоии марҳилаи гурӯҳии Ҷоми КФО-2022 КМВА-и Душанбе 30 июн бо тими «Нефтчӣ» бозӣ мекунад. Ин дидор дар Варзишгоҳи марказии Душанбе баргузор шуда, соати 22:00 оғоз мегардад.
Ҷоми КФО-2022
Гурӯҳи «Е». Даври 2
КМВА (ТОҶИКИСТОН) – «Суғдиёна» (Ӯзбекистон) – 2:3
Голҳо: Шоҳрӯз Норхонов, 3 (0:1). Элчибек Рашидбеков, 31 (1:1). Ҷасур Ҳасанов, 45 (1:2). Шоҳрӯз Норхонов, 46 (1:3). Хуршед-Тимур Ҷӯраев, 50 – аз пеналтӣ (2:3).
КМВА (Душанбе, Тоҷикистон): Азамат Аҳмедов (Ҳусниддини Маҳмадалӣ, 50), Алишер Сафаров, Комрон Мирзонажод (Хуршед Абдуллоев, 82), Хуршед-Тимур Ҷӯраев (Абдулло Шарипов, 57), Элчибек Рашидбеков (Шарафҷон Солеҳов, 57), Наврӯз Рустамов, Комрон Иброҳимов, Вайсиддин Сафаров (Изатулло Рӯзиев, 57), Ҷонибек Шарипов, Сергей Доронин.
Аз майдон ронда шуд: Наврӯз Рустамов (КМВА), 53 – ду корти зард.
Беҳтарин бозигари бозӣ: Шоҳрӯз Норхонов («Суғдиёна»).
Довари марказӣ: Холид Марҳун Сулаймон Ал Шаксӣ (Уммон).
27 июн. Душанбе. Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ. 6300 тамошобин.
«Нефтчӣ» (Қирғизистон) – «Алтин Асир» (Туркманистон) – 0:1
Гол: Мурат Аннаев, 34 – аз пеналтӣ.
Беҳтарин бозигари бозӣ: Мурат Аннаев («Алтин Асир»).
Довари марказӣ: Нго Дуй Лан (Ветнам).
27 июн. Душанбе. Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ. 801 тамошобин.
Даври 3-юм
30 июн (панҷшанбе)
19:00 – «Суғдиёна» (Ӯзбекистон) – «Алтин Асир» (Туркманистон)
22:00 – КМВА (ТОҶИКИСТОН) – «Нефтчӣ» (Қирғизистон)
Акс: ФФТ








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Паҳлавонони Тоҷикистон дар Мусобиқаи байналмилалии «Zagreb Grand Prix» оид ба гӯштини ҷудо иштирок менамоянд
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд
Дастаи миллии Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи мунтахаби Узбекистон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад






