ҶОМИ ОСИЁ-2022. Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон аз Амороти Муттаҳидаи Араб шикаст хӯрд

Июнь 7, 2022 13:06

ДУШАНБЕ, 07.06.2022 /АМИТ «Ховар»/.  Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон пас аз мағлуб гаштан  аз футболбозони Арабистони Саудӣ дар бозии дуюми Ҷоми Осиё-2022 бар муқобили Амороти Муттаҳидаи Араб бо ҳисоби 0:2 шикаст хӯрд. Бозӣ дар Узбекистон баргузор шуд.

Ёдовар мешавем, ки дар бозии аввал футболбозони тоҷик аз бозигарони Арабистони Саудӣ бо ҳисоби 0:5 шикаст хӯрда буданд.

Ҳамакнун дар бозии ниҳоии марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Осиё-2022 мунтахаби Тоҷикистон бо тими Ҷопон бозӣ мекунад. Ин дидор рӯзи панҷшанбе, 9 июн дар варзишгоҳи «Бунёдкор»-и Тошканд соати 18:00 ба вақти маҳаллӣ ва Душанбе баргузор мешавад.

Ҳоло дастаи мунтахаби Тоҷикистон низ таҳти роҳбарии мутахассиси хорватӣ Петар Сегрт омодагиро ба бозии даври аввали марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2023 ба муқобили тими миллии Мянмар идома медиҳад. Тамринҳо дар Бишкек баргузор мешаванд. Дастаи мунтахаби ҷумҳурӣ рӯзи чаҳоршанбе, 8 июн бозии аввалро дар мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2023 дар гурӯҳи «F» анҷом медиҳад. Бозӣ дар варзишгоҳи Долон Омурзоқови Қирғизистон дар Бишкек соати 15:30 ба вақти Душанбе  доир  мегардад.

Акс: ФФТ

Июнь 7, 2022 13:06

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд
Дастаи миллии Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи мунтахаби Узбекистон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Мусобиқаи кушод оид ба гӯштини тарзи озод байни наврасон оғоз гардид
Наврасони Тоҷикистон баъди ғалаба дар дивизиони «D» дар Боку ба Ватан баргаштанд
Президенти Кумитаи паралимпии Осиё ба натиҷаи иштироки дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои паралимпии Осиё баҳои баланд дод
Дар деҳаи Варзоб — Қалъаи ноҳияи Варзоб майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд