ОЯНДАРО БОЯД БО ИМРЎЗИ КӮДАКОН СОХТ. Нигоҳе ба ҳифзи ҳуқуқи кўдакон дар Тоҷикистон

Июнь 1, 2022 09:29

ДУШАНБЕ, 01.06.2022 /АМИТ «Ховар»/. Истиқлоли давлатӣ аз ҷумлаи муҳимтарин дастовард дар таърихи халқи тоҷик ба шумор рафта, барои эҳёи давлатдории навини миллӣ,  густариши суннатҳои аҷдодӣ ва дар як маврид ташкили давлати демократию ҳуқуқбунёд заминаҳои пойдору қавӣ гузошт. Хушбахтона, соли 1994 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дарназардошти арзишҳои ҳуқуқи башар, аз қабили арзиши олӣ эълон гардидани инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ў, дахлнопазирии ҳуқуқи инсон ва шаҳрванд, баробарии ҳама дар назди қонун ва суд, волоияти конститутсия ва қонун, таҷзияи ҳокимият, кафолати ҳуқуқи шаҳрвандон ба интихобот ва раъйпурсӣ, гуногунии сиёсӣ ва мафкуравӣ қабул гардид.

Дар асоси моддаи 1 Конститутсия — Тоҷикистон давлати иҷтимоӣ эътироф гардидааст ва ба вуҷуд овардани шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаи ҳар як инсон ҳадафу мароми давлати мо мебошад. Мувофиқи қисми 3-юми моддаи 5-и Конститутсия эътироф, риоя ва ҳифзи ҳуқуқи инсон аз зумраи вазифаҳои афзалиятноки давлат қарор гирифтааст, ки ин масъулият дар як вақт нисбат ба кўдакон ҳамчун қишри нозуку осебпазир ва эҳтиёҷманди ҷомеа низ татбиқ мегардад. Маврид ба тазаккур аст, ки зиёда аз 70 дарсади аҳолии кишварро ҷавонони то 35 сола ташкил медиҳанд ва аз он 3,9 млн. ва ё 41,2 фоизашро кўдакони то 18 сола ташкил медиҳанд, ки ба дастгириву ғамхории махсуси давлату ҳукумати кишвар пайваста ниёз доранд. Маҳз бо дарназардошти дарки масъалаи мазкур аз ҷониби Ҳукумати кишвар таҳти роҳбарии хирадмандона ва ғамхоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ниҳодҳои салоҳиятдори махсусгардонидашуда, инчунин зерсохторҳои вобаста ба ҳимояи ҳуқуқи кўдакон дар таркиби мақомоти давлатӣ таъсис ёфтаву фаъолият менамоянд, ки ҳадафи асосии онҳо аз ҳифзи солимӣ  ва тарбияи кўдакон дар чаҳорчўбаи арзишҳои суннатӣ, дар амал татбиқ намудани уҳдадориҳои байналмилалӣ ва иҷрои қонунгузории кишвар дар самти ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои кўдакон иборат мебошад. Ба сифати онҳо метавон Комиссия оид ба ҳуқуқи кўдак дар назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кўдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, шуъбаи ҳифзи ҳуқуқи кўдак дар назди Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, шуъбаи ҳифзи ҳуқуқи кўдак дар назди Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва даҳҳо зерсохторҳои дигарро ном бурд.

Месазад иброз намуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон Конвенсияи СММ оид ба ҳуқуқи кўдак ва ду протоколи иловагӣ ба онро ба тасвиб расонида, ҷиҳати иҷрои меъёрҳои онҳо тадбирҳои амалиро рўйи даст гирифтаву аз натиҷаи фаъолияти худ ба таври даврӣ ба Кумитаи СММ оид ба ҳуқуқи кўдак ҳисобот манзур менамояд. Ҳамин аст, ки аз замони ратификатсияи Конвенсия то имрўз Тоҷикистон ҳафт маротиба ба Кумитаи СММ оид ба ҳуқуқи кўдак ҳисоботи даврӣ манзур намудааст.

Комиссия оид ба ҳуқуқи кўдак дар назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати иҷрои тавсияҳои Кумитаи СММ оид ба ҳуқуқи кўдак 19 апрели соли 2018 Нақшаи миллии амалро барои солҳои 2018-2022 ба тасвиб расонид, ки дар заминаи он тадбирҳои судманд ҷиҳати ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои кўдакон роҳандозӣ карда шуд.

Мувофиқи моддаи 34 Конститутсияи ҶТ модару кӯдак зери ҳимоя ва ғамхории махсуси давлатанд. Иҷтимоигардонии ҳар як кӯдак пеш аз ҳама дар оила сурат мегирад, зеро кўдак тарбияи асосӣ ё ибтидоиро аз падару модар мегирад. Яъне, асосҳои аввалиндараҷаи иҷтимоиву меъёрӣ ва ҳамзамон ҳуқуқиро оила муайян мекунад, ки кӯдак онҳоро ҳамчун сармашқи фаъолияти минбаъдаи ҳаётӣ истифода мебарад.

Бояд зикр намуд, ки кӯдак дар баробари дигар иштирокчиёни муносибатҳои ҳуқуқӣ ҳамчун субъекти мустақил метавонад баромад намояд.  Дар муносибатҳои ҷамъиятие, ки кӯдак иштирок мекунад, аз ҷониби меъёрҳои соҳаҳои мухталифи қонунгузории кишвар танзим карда мешаванд.

Вазъи ҳуқуқии кӯдак, ҳимоя ва ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои ӯ ҳам дар санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ ва ҳам қонунгузории миллӣ пешбинӣ гардидааст. Санадҳои ҳуқуқи байналмилалӣ ва миллии зерин ҳуқуқу озодиҳои кӯдакро кафолат додаанд: Эъломияи умумии ҳуқуқи башар, Паймони байналмилалӣ оид ба ҳуқуқҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ, Паймони байналмилалӣ оид ба ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ, Конвенсия дар бораи ҳуқуқи кӯдак, Қонуни ҶТ “Дар бораи ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак” (аз 18.03.2015), Қонуни ҶТ “Дар бораи низоми огоҳонӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунии ноболиғон” (аз 2.01.2020),  Қонуни ҶТ “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” ( аз 02.08.2011) ва ҳоказо.

Дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муодили истилоҳи “кӯдак” мафҳумҳои зиёде, чун “ноболиғ”, “наврас”, “навзод”, “фарзанд” ва ғ. истифода мегарданд.

Мувофиқи моддаи 1 Конвенсия дар бораи ҳуқуқи кӯдак “Дар ин Конвенсия ҳама гуна мавҷудоти инсонии то синни 18 сола кӯдак ҳисобида мешавад, агар тибқи қонуне, ки нисбати ин кӯдак истифода мегардад, он пештар ба синни балоғат нарасида бошад”.

Дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон низ мафҳуми кӯдак дода шудааст, ки тибқи моддаи 55 КО ҶТ кӯдак шахсе эътироф карда мешавад, ки ба синни ҳаждаҳсолагӣ (ба синни балоғат) нарасидааст. Ҳамзамон дар Қонуни ҶТ “Дар бораи ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак” ва Қонуни ҶТ “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” низ шахси ба синни ҳаждаҳ нарасида кӯдак эътироф гардидааст.

Метавон ёдовар шуд, ки дар Тоҷикистон дар баробари эътироф, риоя ва ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои кӯдак дар Конститутсия ва дигар қонунҳои соҳавӣ, боз Қонуни ҶТ “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” қабул карда шуд.

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” аз ҷумлаи қонунҳое мебошад, ки бо дарназардошти шароити воқеии ҷомеаи Тоҷикистон, баҳри тарғибу пойдории арзишҳои миллӣ, бурхўрдорӣ аз суннатҳои аҷдодии тоҷикон дар бахши таълиму тарбияи фарзанд, тарбияи насли навраси кишвар дар руҳияи эҳтироми анъанаҳои миллӣ ва омодагӣ барои ширкати фаъолона дар рушду нумўи давлати тозабунёди Тоҷикистон, баланд бардоштани ҳисси масъулияти падару модарон дар тарбияи фарзандони болаёқату накуахлоқ, чун неруи ақлонии ҷомеа қабул шудааст.

Пурзўр гаштани масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд тавассути якчанд роҳҳо амалӣ мешавад. Пеш аз ҳама, Қонуни мазкур вазифаи асосии падару модарро дар таълиму тарбияи фарзанд муайян кардааст. Мувофиқи он дар руҳияи инсондўстӣ, ифтихори ватандорӣ, эҳтироми арзишҳои миллӣ, умумибашарӣ ва фарҳангӣ тарбияи намудани фарзанд аз ҷумлаи вазифаҳои асосии падару модар ба ҳисоб мераванд. Қонун таваҷҷуҳи падару модарро маҳз ба тарбияи фарзанд дар рўҳияи арзишҳои инсонӣ, миллӣ, умумибашарӣ ва ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои кўдак ҷалб менамояд.

Ҳамзамон доираи масъулияти падару модар ду соҳаи муҳимро фаро мегирад. Аз як тараф, падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд «дар руҳияи инсондўстӣ, ифтихори ватандорӣ, эҳтироми арзишҳои миллӣ, умумибашарӣ ва фарҳангӣ» масъул мебошанд.

Аз тарафи дигар, тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”, падару модар барои «ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои кўдак» масъул мебошанд. Қонуни номбурда баҳри татбиқ гардидани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла амалӣ шудани масъулияти падару модар дар бахши ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои кўдак равона шудааст.

Дар асоси моддаи 28 Конвенсияи СММ оид ба ҳуқуқи кўдак давлатҳои аъзо уҳдадор гардидаанд, ки барои бо таҳсил фаро гирифтани кўдакон тадбирҳо андешида, ҳуқуқ ба таҳсили онҳоро дар амал татбиқ намоянд. Маҳз бо дарназардошти ба инобат гирифтани меъёри мазкур ва соҳибилм намудани наврасону кўдакон Ҳукумати кишвар бо роҳбарии  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба он таваҷҷуҳи махсус зоҳир намудааст, ки далели ин гуфтаҳо бунёди муассисаҳои томактабӣ ва миёнаи умумӣ бо шароитҳои замонавӣ дар гўшаву канори кишвар, инчунин зиёд гардидани маблағгузорӣ дар ин самт мебошад. Дар соли таҳсили 2021-2022 шумораи муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ дар кишвар ба 3942 баробар гардид, ки дар онҳо 2,2 млн. нафар хонандагон таҳсил менамоянд. Маблағгузории муассисаҳои томактабӣ ва миёнаи умумӣ аз ҳисоби буҷети давлат сол аз сол меафзояд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси қисми 3-юми моддаи 1-и Конститутсия ба сифати давлати иҷтимоӣ муаррифӣ гардида, баҳри беҳтар намудани сатҳи зиндагии аҳолӣ, махсусан табақаҳои эҳтиёҷманди ҷомеа чораҳои таъхирнопазир меандешад. Ҳукумати кишвар нисбат ба ҳамаи гурўҳҳои кўдакони осебпазир (ятимони кулл ва нимятим) ғамхорӣ зоҳир намуда, онҳоро барои таҳсил дар муассисаҳои таълимӣ ҷалб намудааст. Инчунин, дар самти ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои кўдакони маъюб аз ҷониби Ҳукумати кишвар тадбирҳои зарурӣ роҳандозӣ гардида, нисбат ба онҳо ғамхории махсуси давлат татбиқ карда мешавад. Маврид ба тазаккур аст, ки бо мақсади ратификатсия намудани Конвенсияи СММ оид ба ҳуқуқи маъюбон аз ҷониби Ҳукумати кишвар Нақшаи миллии амал аз 27 феврали соли 2020 ба тасвиб расидааст, ки он дурнамоии нақшаи мазкурро то соли 2024 пешбинӣ менамояд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади ворид гардидан ба ҳайси давлатҳои ташаббускор дар самти ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои кўдакон соли 2015 дар кишвар ниҳоди махсусгардонидашуда – Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кўдакро таъсис дод, ки он ба ҳайси муовини Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон шинохта мешавад. Яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кўдакро қабули арзу шикоятҳо ташкил медиҳад, ки дар ин ҷода давоми солҳои 2018-2021 беш аз 819 муроҷиат, аз ҷумла 222 муроҷиати хаттӣ ва 590 муроҷиати шифоҳӣ ворид гардидааст. Бо мақсади баланд бардоштани фарҳанги ҳуқуқии аҳолӣ ва муаррифии ҳуқуқу манфиатҳои кўдакон Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кўдак давоми солҳои 2018-2021 зиёда аз 274 маърўзаву баромадҳо тавассути ВАО анҷом додааст.

Саранҷом бояд ёдовар шуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти ҳифзи хуқуқи кўдак ба дастовардҳои назаррас ноил гардидааст. Аз ҷумла қабул гардидан ва амалӣ шудани якчанд қонунҳои вижаи фарогирандаи ҳуқуқу озодиҳои кўдак дар кишвари мо далели равшани он аст, ки давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сарварии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ин самти муҳимми ҳаёти ҷомеа таваҷҷуҳи мусбат дорад ва дар оянда низ ба хотири беҳтар гардидани вазъи ҳуқуқии кўдакон тамоми тадбирҳоро меандешад.

Эмомалӣ НАСРИДДИНЗОДА,
доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор,
узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

АКС: Хадамоти матбуоти Президенти ҶТ/АМИТ «Ховар»

 

Июнь 1, 2022 09:29

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАШАККУЛИ МАКТАБИ ЗЕҲНГАРОЁНАИ ИДОРАКУНӢ ДАР СИЁСАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН. Мулоҳизаҳои докторони илми фалсафа Хайриддин Усмонзода ва Саидмурод Фаттоҳзода
11 АПРЕЛ-РӮЗИ ҶАҲОНИИ МУБОРИЗА БО ПАРКИНСОН. Ин беморӣ чӣ тавр муолиҷа мешавад?
ЗАНГӮЛАИ ҲУШДОР ВА Ё ҲИДОЯТҲОИ НАВИНИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Дар ҳошияи мулоқоти Президенти Тоҷикистон бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини мамлакат
Президенти Тоҷикистон: «Сарфакорона истифода бурдани обу неруи барқро дар тамоми фаслҳои сол, ҳатто дар тобистон қатъиян таъмин намоем»
КАСБОМӮЗИИ ҶАВОНОН — ТАҚОЗОИ ЗАМОН. Андешаҳо дар ҳошияи мулоқоти Президенти Тоҷикистон бо фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин
Президенти Тоҷикистон: «Бояд ҳамеша сарҷамъ ва дар зери парчами миллиамон муттаҳид бошем»
10 АПРЕЛ-РӮЗИ ҚӮШУНҲОИ ДОХИЛИИ ТОҶИКИСТОН. Ба ташкили ин сохтори низомӣ 33 сол пур шуд
ХАЙРУ САДАҚОТ – СУННАТИ НЕК. Андешаҳои вакили Маҷлиси намояндагон Файзулло Баротзода дар ин мавзуъ
Эмомалӣ Раҳмон: «Ба ҷойи намоишкориву исрофкорӣ мо бояд кӯшиш кунем, ки барои таълиму тарбияи фарзандонамон шароити беҳтарин муҳайё созем»
Сарвари давлат сокинони Тоҷикистонро ба роҳ надодан ба зиёдаравию исрофкорӣ ва намоишкориву риёкорӣ даъват намуданд
Эмомалӣ Раҳмон: «Анҷом додани хайру садақот ва саховат кардан анъана ва суннати нек мебошад»
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Дар таркиби бодоми талх витамини B 17 мавҷуд буда, истеъмоли он ҳуҷайраҳои саратонро нест менамояд