Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар назди Муҷассамаи «Истиқлолият»-и Ҷумҳурии Узбекистон гулчанбар гузоштанд
ДУШАНБЕ, 02.06.2022 /АМИТ «Ховар»/. 2 июн дар доираи сафари расмӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст бо нишони эҳтиром ба таъриху фарҳанги мардуми узбек дар боғи «Узбекистон нав» дар назди Муҷассамаи «Истиқлолият» гулчанбар гузоштанд.
Дар маросими гулчанбаргузорӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Сарвазири Ҷумҳурии Узбекистон Абдулло Орипов ва Раиси шаҳри Тошканд Ҷаҳонгир Ортикхоҷаев ҳамроҳӣ карданд.
Баъди анҷоми маросими гулчанбаргузорӣ Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз Боғи «Узбекистони нав» боздид ба амал оварданд.
Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки боғи «Узбекистони нав» ба муносибати 30 — солагии истиқлоли давлатии Узбекистон бунёд шудааст.
Дар маҷмааи «Истиқлол» тавассути бунёди иншооти муосир дастовардҳои мардуми дӯсту бародари узбек давоми 30 соли соҳибистиқлолии кишвар, таърихи рушду густариш ва пешрафту тараққиёти давлати миллии Узбекистон таҷассум ёфтаанд.
Майдони умумии боғ 105 гектарро ташкил дода, дар он гулу дарахтони ороишӣ шинонида шудаанд.
Фаввораҳо, роҳравҳои зебо, муҷтамаи «Истиқлол» ва дарахтони нодир аз ороишоти асосии боғи «Узбекистони нав» мебошанд.
Баъди шиносоӣ бо ин макони дилфиреб Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Узбекистон рушду шукуфоӣ ва ба мардуми дӯсти узбек комёбиҳои беназир орзу карданд.









Тавзеҳот ба фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи эълон намудани мораторий ба ҳама намуди санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкории хурду миёна»
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Ноиби Президенти Бонки аврупоии таҷдид ва рушд Маттео Патроне мулоқот намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ба фаъолияти истеҳсолии ҶДММ «Шаҳдоб» оғоз бахшиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи масолеҳи сохтмонии ҶДММ «Эко Блок»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди эстакадаҳои дусатҳа ва азнавсозии пули мошингузар дар хиёбони Саъдии Шерозии шаҳри Душанбе санги асос гузоштанд
Амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар як қатор вазорату идораҳо таъиноти кадрӣ ба амал оварданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат коргоҳи коркарди моҳии ҶДММ «Баҳор»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат ба таври фосилавӣ 16 иншооти таъиноти гуногунро ба истифода доданд






