Профессори турк Ахмед Метен: «Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии худ бисёр масъалаҳоеро бардоштанд, ки мардуми сайёра ҳалли ҳар чӣ зудтари онҳоро интизоранд»

Июнь 8, 2022 16:57

ДУШАНБЕ, 08.06.2022 /АМИТ «Ховар»/. «Конфронси дуюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои  2018-2028», ки имрӯзҳо дар  шаҳри Душанбе баргузор гардида истодааст,  дар шароити кунунии ҷаҳон, хусусан раванди тағйирёбии иқлим хело муҳиму саривақтӣ  мебошад», — гуфт дар суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» муҳандиси соҳаи об,  профессор Ахмед Метен  аз Ҷумҳурии Туркия.

Ба гуфтаи ӯ, дар конфронси оби Душанбе, ки намояндагони созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ, минтақавӣ, ҳайатҳои баландпояи кишварҳои ҷаҳон иштирок доранд, доир ба ҳалли масъалаҳои муҳими марбут ба об бо маърӯзаҳои пурмуҳтаво баромад намуданд.

«Хусусан суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки ташаббускори масъалаҳои глобалӣ вобаста ба ҳифзи муҳити зист, экология ва об мебошанд, хеле муассиру пурмазмун буд. Эмомалӣ Раҳмон дар  суханронии худ бисёр масъалаҳоеро бардоштанд, ки мардуми сайёра ҳалли ҳар чӣ зудтари онҳоро интизоранд», — тазаккур дод Ахмед Метен.

Профессори турк  афзуд, ки масъалаи тақвияти ҳамкорӣ аз сатҳи маҳаллию миллӣ то сатҳи минтақавию ҷаҳонӣ аз масъалаҳои асосии баррасишавандаи Конфронси об дар Душанбе маҳсуб мешавад, ки он метавонад дар татбиқи пурраи ҳадафҳои Даҳсолаи нави «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» нақши арзишманд гузорад.

Ахмед Метен аз ҳамкории судманди Тоҷикистон ва Туркия дар масъалаи обу экология ва ҳифзи муҳити зист изҳори хушиву қаноатмандӣ намуда, зикр кард, ки танҳо дар якҷоягию  ҳамбастагӣ ҷомеаи ҷаҳонӣ   имкон дорад дар ҳалли мушкилоти сайёра муваффақ гардад.

                                            Марзия САИДЗОДА,
                                           АМИТ «Ховар»,

      АКС: АМИТ «Ховар»

Июнь 8, 2022 16:57

Хабарҳои дигари ин бахш

ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид
Пешвои миллат: «Таҳти ин парчами муқаддас 35-солагии истиқлоли давлатиро бо дастовардҳои назаррас истиқбол намоем»
Аввалин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдгории нодир аст. Эҳдо ба Рӯзи Парчами давлатӣ
Президенти Тоҷикистон: «Дар зери Парчами давлатиямон боз ҳам бештар муттаҳид бошем!»
Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон