Раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Фирдавсӣ: «Аз заиф будани ваҳдати миллӣ дар Афғонистон зиёда аз чор даҳсола аст, ки онҳо ба сулҳу субот намерасанд»
ДУШАНБЕ, 27.06.2022. /АМИТ «Ховар»/. Шаҳру деҳоти обод, роҳҳои мошингарди муосири байналмилалӣ, садҳо муассисаҳои тандурустиву таълимии ба стандартҳои ҷаҳонӣ мутобиқ бунёдшудаи Тоҷикистонро дида, бори дигар боварамон комил мегардад, ки ваҳдати миллӣ – бузургтарин ва арзишмандтарин дастоварди даврони соҳибистиқлолӣ барои миллати мост. Барои ҲХДТ, ки Раиси муаззами он Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд, ваҳдати миллӣ стратегияе ба шумор меравад, ки ҷиҳати таъмини манфиатҳои ҳаётан муҳими миллӣ равона гардидаааст. Тафриқаандозӣ, ноиттифоқӣ, таассуби динию мазҳабӣ, ки дар байни ҷомеа ихтиолоф меандозанд, ҳамчун таҳдид ба ваҳдати миллӣ шинохта мешаванд.
Чунин ибрози андеша намуд дар суҳбат бо мухбири АМИТ «Ховар» Абдураҳим ШОҲИЁН, Раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе бахшида ба 25-солагии Рўзи Ваҳдати миллӣ. Дар зер андеҳаҳои пурраи номбурдаро манзури хонандагон мегардонем:
-Дар бораи нақши таърихии сулҳи тоҷикон Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гуфта буданд: «Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон аз лиҳози аҳамияти фавқулодаи худ бо Эъломияи истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар як радиф меистад. Агар Эъломия ба Тоҷикистон ба таври расмӣ истиқлол ва соҳибихтиёрӣ ато карда бошад, пас Созишнома сулҳу суботро дар сарзамини мо таъмин сохт».
Мояи ифтихор аст, ки бо қадами мубораки фарзанди сарсупурдаву ҷонфидои Ватан Эмомалӣ Раҳмон ваҳдату ризоияти миллӣ дар ҷомеа устувор гардид, тӯли 25 соли баъди ба даст овардани он дар Тоҷикистон корҳои бузурги созандагию бунёдкорӣ ба анҷом расиданд, ки мо бояд ба қадри ин неъмати бебаҳо расем.
Хусусан натиҷаҳои даҳшатбори ҷанги шаҳрвандии давлати ба мо ҳамсоя–- Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, ки тӯли зиёда аз чор даҳсола идома дорад, ба назар гирифта, баҳри таҳкими ваҳдати миллӣ бо тамоми ҳастӣ мубориза барем.
Бубинед, ки бо баргузор гардидани беш аз 300 вохӯрию гуфтушунидҳо миёни қишрҳои манфиатдори ҷомеаи шарҳвандии ин кишвар, то ин муддат ҷонибҳо ба ягон дастоварди барои давлату миллат мусоид ноил нагардидаанд.
Аз заиф будани Ваҳдати миллӣ дар Афғонистон ва мамлакатҳои амсоли он ба давлатҳои абарқудрат имкон дод, ки бо баҳонаи риояи арзишҳои демократӣ ба сиёсати дохилии онҳо мудохила намуда, бо ин васила, ҳадафҳои геополитикии худро амалӣ намоянд. Ин аз он далолат менамояд, ки тавассути дахолати низомии давлатӣ ва хориҷӣ расидан ба сулҳу салоҳ ва Ваҳдати миллӣ ғайримкон буда, чунин ҳамзистии осоишта дар ҳар лаҳзаи ҳасос метавонад осебпазир бошад.
Буду боши даҳ соли Иттиҳоди Шуравӣ (1979-1989) ва бист соли ҳузури низомии Америка (2001-2021) дар Афғонистон натавонист ҷиҳати расидан ба ваҳдати комили миллӣ ва ташкил намудани давлати мутамарказ дар ин кишвар мусоидат намояд ва хостаҳои ҳамаи қавму миллатҳое (пашту, тоҷикон, узбекҳо, туркманҳо, ҳазора ва ғ.), ки қисми таркибии ҷомеаи ин кишварро ташкил медиҳанд дар бар гирад.
Ба сари ҳокимият омадани толибон (августи 2021) ва ба ихтиёри ин гурўҳ гузоштани лавозимоти зиёди ҷангӣ вазъро дар ин кишвар печидатар намуда, бо нақзи ҳуқуқу озодиҳои занон ва ҷорӣ намудани тарзу усули давлатдории асримиёнагӣ норозии қишрҳои гуногуни ҷомеа зиёд гардида истода, ҳоло бештар фаъол гардидани гурӯҳҳои гуногуни тундгарою ифротӣ ба назар мерасад. Якбора берун рафтани қувваҳои ҳарбии Амрико ва фирори роҳбарияти давлат чӣ пайомадҳо барои ин кишвар ва минтақа ба бор меорад, бо гузашти вақт маълум хоњад шуд. Аммо аз ҳоло возеҳ аст, ки шакли давлатдории имрӯза ва фаъол гардидани гурӯҳҳои радикалӣ дар ин кишвар расидан ба сулҳу салоҳ ва ваҳдати миллиро барои мардуми Афғонистон ба афсона табдил медиҳад.
Вазъи ноороми Афғонистон ба кишвари мо (зиёда аз 1400 км марз дорем) ва минтақа бетаъсир намонда, хатарҳои терроризму экстремизм, қочоқи маводи мухаддир, муҳоҷирати ғайриқонунӣ ва ғайра ҳаррӯза таҳдид намуда, ҷиҳати роҳандозӣ намудани тарҳҳои гуногуни иқтисодӣ дар минтақа (яке аз онҳо КАСА-1000), мубодилаи молу коло, ташкил ва фаъол намудани бозорҳои наздимарзӣ монеа мегардад.
Аз ин рӯ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва иттиҳоду сарҷамъии мардуми Афғонистон аз чанд лиҳоз барои кишвари мо, минтақа ва ҷаҳон зарур буда, ба эътидол овардани вазъ дар Афғонистон бо ҳамгироии тамоми ҷомеаи ҷаҳонӣ аз ҷониби Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демокртаии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз минбарҳои баланди созмонҳои ҷаҳонӣ пайваста таъкид мегардад.
Воқеан ҳам, Ваҳдати миллӣ беҳтарин неъмат, осоишу ободӣ, фарзонагӣ, амну субот, меҳру садоқат, таҳкими давлат, наҷоту ҳастии миллат буда, ҳар як тоҷикистонӣ вазифадор аст, ки барои таҳкими сулҳи бебозгашт ва ваҳдати сартосарӣ талош намояд.
АКС аз КИ ҲХДТ дар ноҳияи Фирдавсӣ








ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Давидан барои саломатии инсон чӣ фоида дорад?
Оид ба нақши Президенти Тоҷикистон дар рушди забони давлатӣ бо ҷавонони фаъоли шаҳри Бохтар вохӯрӣ доир шуд
ОГОҲӢ! 18-20 май дар Тоҷикистон хатари сар задани сел ва баландшавии сатҳи оби дарёҳо пешгӯӣ мегардад
Соли 2026 дар Ёвон 6 маротиба намоиши ҷойи кори холии доимӣ ва мавсимӣ баргузор гардид
«СУРУДИ ҶАВОНӢ». Бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон дар боғҳои пойтахт барномаҳои идона баргузор мегарданд
«ЯК РӮЗИ ҶАВОНӢ». Дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии Тоҷикистон силсилавохӯриҳо доир мешаванд
Оид ба иҷрои «Барномаи давлатии мусоидат ба шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027» ҷаласа баргузор шуд
Дар шаҳраки Адрасмон бахшида ба Рӯзи байналмилалии оила ҳамоиши идона доир гардид
ОИЛА-МАКОНИ МЕҲРУ САДОҚАТ. Дар ноҳияи Варзоб барномаи фарҳангию фароғатӣ баргузор шуд
Дар Ҳисор бахшида ба Рӯзи байналмилалии оила ҳамоиши идона доир гардид
Доир ба масъалаи масъулияти блогерон дар таъмини фазои иттилоотӣ вохӯрӣ баргузор шуд
КОНФРОНСИ 35-УМИ МИНТАҚАВИИ СОЗМОНИ ОЗУҚАВОРӢ ВА КИШОВАРЗИИ СММ. Оид ба нақши занон дар таъмини амнияти озуқаворӣ ҳамоиш доир шуд






