Раиси Кумитаи иҷроияи ИДМ гуфт, ки дар рушди иқтисоди кишварҳои Иттиҳод таназзул вуҷуд надорад

Июнь 13, 2022 12:25

ДУШАНБЕ, 13.06.2022 /АМИТ «Ховар»/. Кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) суръати мусбати рушдро нигоҳ медоранд, аз ин рӯ, сарфи назар аз мушкилоти иқтисодӣ, таназзул мушоҳида намешавад. Дар ин бора 10 июн раиси Кумитаи иҷроия, дабири иҷроияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Сергей Лебедев хабар дод.

«Бо вуҷуди мушкилоти кунунии иқтисодӣ, тамоми кишварҳои узви Иттиҳод суръати мусбати рушдро нигоҳ медоранд. Бигзор он хурд бошад, дар ҳудуди 4%. Бо вуҷуди ин, дар пешрафти иқтисодиёти кишварҳои Иттиҳод таназзул ба чашм намерасад», — гуфт вай дар нишасти матбуотии баъди ҷаласаи Шӯрои иқтисодии ИДМ дар пойтахти Қазоқистон.

Ба гуфтаи ӯ, дар чаҳорчӯби Иттиҳод тиҷорати мутақобила низ ба таври назаррас афзоиш ёфтааст. «Ин ба як андоза коҳиш ёфтани ҳаҷми савдо бо кишварҳои хориҷи дур вобаста аст. Аз ин рў, боиси хушнудист, ки давлатҳои Иттиҳод ба ин тамоюлҳои манфии савдои хориҷӣ зуд вокуниш нишон дода, ҳаҷми муомилоти моли мутақобиларо дар доираи ИДМ зиёд карданд ва бо ин васила ба он таъсири мусбӣ расонд, ки мо тавонистем баъзе тамоюлҳои манфиро дар ин самт вобаста ба вазъи иқтисодии кишварҳои ИДМ бартраф намоем», — гуфт Сергей Лебедев.

Тавре хабаргузории русии «Спутник» хабар медиҳад, Маҷмӯи Маҳсулоти Дохилии Тоҷикистон (ММД) дар семоҳаи аввали соли 2022 босуръат афзоиш ёфтааст. Ҳаҷми он беш аз 20 миллиард сомонӣ (беш аз 1,6 миллиард доллар) арзёбӣ мешавад. Дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» гуфтанд, ки маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ нисбат ба ҳамин давраи соли 2021-ум 7,5% афзоиш ёфтааст. Ба иттилои ин ниҳод, дар сохтори ММД саноат (22%) ва савдо (19%) бартарӣ доранд.

Тибқи пешгӯӣ, ММД-и Тоҷикистон дар соли 2022 бояд ҳудуди 105 миллиард сомонӣ (8,3 миллиард доллар) бошад. Сатҳи тахминии он 8% аст. Қаблан Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҳукумати кишвар дастур дода буданд, ки рушди иқтисоди кишварро дар соли 2022 дар сатҳи на камтар аз 8 дарсад таъмин кунад.

Ёдовар мешавем, ки соли 2021 ММД-и Тоҷикистон 98,9 миллиард сомониро (8,75 миллиард доллар) ташкил дода, сатҳи нишондоди афзоиш 9,2% -ро дар бар гирифт. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ нисбат ба соли 2020-ум 22 фоиз афзуда, ба 38,8 миллиард сомонӣ (3,4 миллиард доллар) расид.

АКС: Twitter

Июнь 13, 2022 12:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар доираи Форуми Sibos 2026 рушди ҳамкории Бонки миллии Тоҷикистон бо Commerzbank AG баррасӣ шуд
Дар Давҳа ҷаласаи солонаи Бонки Осиёии сармоягузории инфрасохторӣ доир гардид
Дар доираи «TAJ-TECH 2026» санадҳои ҳамкорӣ ба имзо расонида шуданд
Дар шаҳри Душанбе ҳамкорӣ дар соҳаи инноватсия ва технологияҳои рақамӣ баррасӣ гардид
Дар Қатар маросими таъсиси Фонди ҳамкорӣ ва рушди Чин – Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Оид ба таъсиси Фонди минтақавии рушди фазои рақамии соҳибихтиёрӣ дар Тоҷикистон Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Муовини Раиси Ҳукумати Федератсияи Русия Марат Хуснулин ба Ҷумҳурии Тоҷикистон меояд
Дар Душанбе маркаи почтавӣ бахшида ба 35-солагии Иттиҳоди минтақавӣ дар соҳаи алоқа ба муомилот бароварда шуд
Дар Хоруғ оид ба ҳамкории Тоҷикистон бо Бонки ҷаҳонӣ дар соҳаи энергетика мулоқот доир шуд
Душанбе мизбони ҳамоишҳои байналмилалӣ дар соҳаи алоқа ва рақамикунонӣ гардид
Намояндагони Бонки миллии Тоҷикистон дар конфронси байналмилалии Sibos 2026 иштирок доранд
Дар Душанбе ҳамоишҳои байналмилалӣ дар соҳаи алоқа оғоз гардиданд