РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Дар Форуми ҷавонон ва кӯдакон оид ба масоили об намояндагони 33 давлати ҷаҳон ширкат меварзанд!

Июнь 4, 2022 11:41

ДУШАНБЕ, 04.06.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар Форуми ҷавонон ва кӯдакон оид ба масоили оби Конфронси дуюми оби Душанбе дар маҷмӯъ кӯдакону наврасон ва ҷавонони 33 мамлакати ҷаҳон- 200 нафар бевосита худашон ва 900 нафар ба таври маҷозӣ иштирок хоханд кард. Чунин  иттилоъ дод зимни суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» мутахассис оид ба барномаи таъминоти об, санитария ва беҳдошти Хазинаи кӯдакони СММ — ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон Аммар ОРАКЗАЙ.

Ба иттилои А. Оракзай, ҷиҳати иштироки фаъолонаи кӯдакону наврасон ва ҷавонон дар  Форуми ҷавонон ва кӯдакон оид ба масоили оби Конфронси дуюми оби Душанбе  намояндагии ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон бо платформаҳои асосии ҷалби ҷавонону наврасон, аз қабили Шабакаи умумиҷаҳонии ҷавонон, Парлумони умумиҷаҳонии ҷавонон оид ба масоили об, Федератсияи байналмилалии СММ оид ба ҷавонон ва Ҷавонони Осиёи Марказӣ барои об ҳамкорӣ ба роҳ мондааст.

“Тавассути платформаҳои болозикр то ҳол зиёда аз 900 нафар, ки  беш аз 100 кишвари дунёро намояндагӣ мекунанд, барои иштирок дар Конфронси дуюми оби Душанбе номнавис шудаанд”,- иттилоъ дод мутахассис оид ба барномаи таъминоти об, санитария ва беҳдошти Хазинаи кӯдакони СММ — ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон. Чунин нишондиҳанда далели он аст, ки таваҷҷуҳ ба Конфронси дуюми байналмилалии оби Душанбе бахусус миёни кӯдакону наврасон ва ҷавонон хеле зиёд аст.

Ҳадаф- таҳияи нақшаи рӯзномаи рушди ҷавонон барои Конфронси оби соли 2023

Ҳадафи ба роҳ мондани ҳамкорӣ бо платформаҳои гуногуни сатҳи байналмилаливу минтақавӣ дар бахши наврасону ҷавононро Аммар Оракзай, мутахассис оид ба барномаи таъминоти об, санитария ва беҳдошти Хазинаи кӯдакони СММ — ЮНИСЕФ дар он мебинад, ки дар натиҷаи ин конфронс нақшаи рӯзномаи рушди ҷавононро таҳия намуда, барномаи мушаххасро бо фаъолияту чорабиниҳо ва нақшаи амал ба донорҳо ҷиҳати дастгирӣ равон кунанд.

“Конфронси дуюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои  2018-2028» марҳилаи қаблӣ барои омода гардидан ба Конфронси  оби СММ дар соли 2023 мебошад ва мо метавонем он нақшаи кориеро, ки дар Конфронси дуюми оби Душанбе таҳия менамоем, барои тасдиқ ба Конфронси соли оянда равон кунем”, — изҳор дошт дар суҳбат бо хабарнигори АМИТ “Ховар” Аммар Оракзай.

Ҷиҳати омодагӣ ба Конфронси дуюми оби Душанбе Хазинаи кӯдакони СММ – ЮНИСЕФ қаблан миёни наврасону ҷавонон дар сатҳи байналмилалӣ пурсиш оид ба гирифтани назари онҳо барои таҳияи нақшаи корӣ ё нақшаи рӯзномаи рушди ҷавонон гузаронид.

“Вақте мо ҳуҷҷати болозикрро омода менамоем, он ҳуҷҷате мешавад, ки андешаи тамоми ҷавонону наврасони ҷаҳонро дастгирӣ хоҳад кард”, — афзуд намояндаи  Хазинаи кӯдакони СММ – ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон.

Ташкили озмун миёни наврасон дар арафаи Конфронси оби Душанбе

Тавре мутахассис оид ба барномаи таъминоти об, санитария ва беҳдошти Хазинаи кӯдакони СММ — ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон Аммар Оракзай ба АМИТ “Ховар” иттилоъ дод, самти сеюми фаъолияти ниҳоди онҳо дар арафаи Конфронси дуюми оби Душанбе- ин ташкили озмун миёни тамоми хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии мамлакат тавассути Маркази таҳсилоти иловагӣ буд.

“Озмун аз рӯйи 4 категория сурат гирифт. Ин категорияҳо аввалан, рассомӣ дар мавзӯи бехатарии об, дуввум, таҳияи паёмҳои муҳим оид ба бехатарии об ё истифодаи дурусти он, саввум, таҳия намудани видеоҳо бо паёмҳои муҳим ва чаҳорум ихтироъ намудани ягон асбоб барои тоза ва коркарди партов ба ҳисоб мераванд. Озмуни мазкур давоми ду моҳи охир миёни тамоми кӯдакони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ доир гардид”, — изҳор дошт дар идомаи суҳбат бо хабарнигори АМИТ “Ховар” А. Оракзай.

Садо додани гимни махсус бо иштироки кӯдакон дар Форуми оби Душанбе

Иқдоми муҳиме, ки барои ташвиқу тарғиби Конфронси дуюми оби Душанбе аз ҷониби Хазинаи кӯдакони СММ — ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон пеш гирифта шудааст, ин таҳияи суруди махсус аз ҷониби кӯдакону наврасон вобаста ба обу иқлим мебошад.

“Дар таҳияи матни гимни мазкур ду хонанда- Алия Эраҷ ва Тупчӣ Малакбозов саҳм гузоштаанд. Мо вобаста ба муаррифии он дар Мактаби Президентии шаҳри Душанбе як вохӯрӣ гузаронидем ва ба хонандагон муяссар гардид, ки матн ва оҳанги ин сурудро ба мо пешниҳод намоянд”, — иттилоъ дод мутахассис оид ба барномаи таъминоти об, санитария ва беҳдошти Хазинаи кӯдакони СММ — ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон Аммар Оракзай ба АМИТ “Ховар”.

ЮНИСЕФ ва шабакаи ҳамкорони он матни сурудро аз назар гузарониданд ва он аз ҷониби ҳунармандони касбӣ таҳия гардидаст. Дар нақша аст, ки суруди мазкур дар оғози Форуми об, ки 6 июни соли равон дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, садо диҳад. Интизор меравад, ки  ин суруд дар тамоми ҷаҳон паҳн гашта, ҷомеаи ҷаҳон аз саҳми ҷавонону наврасон дар ҳалли масъалаҳои об тавассути он огоҳ шаванд.

“Суруд дар оғоз бо забони тоҷикӣ суруда шуда, баъдан бо забони англисӣ идома хоҳад ёфт. Ҳадафи чунин тасмим ин аст, ки мо мехоҳем   он дар саросари ҷаҳон маъмул гардад ва онро на танҳо кӯдакони Тоҷикистон, балки кӯдакони тамоми ҷаҳон хонда тавонанд”, — гуфт дар идомаи суҳбат бо АМИТ “Ховар” мутахассис оид ба барномаи таъминоти об, санитария ва беҳдошти Хазинаи кӯдакони СММ — ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон.

Тибқи гуфтаи А. Оракзай, интизор меравад, ки дар кушодашавии Форуми оби ҷавонон ва кӯдакон оид ба масоили оби Конфронси дуюми оби Душанбе нахуст хониши зинда шавад ва инчунин як навори қаблан сабткардаи суруд, ки дар он кӯдакони дигар мамлакатҳо ин сурудро сароидаанд, садо медиҳад.

“ЮНИСЕФ аллакай якчанд семинари маҷозиро бо ҷавонону наврасон  гузаронидааст, ки инҳо 15 ва 22 май доир гардиданд. Дар ин семинарҳо зиёда аз 250 нафар иштирок намуда, дар нақша аст, ки бевосита пеш аз Конфронси оби Душанбе 5 июн боз як мулоқот доир гардад”,  хабар дод манбаъ.

Ҳақиқати виртуалӣ: Тамошои захираҳои оби Тоҷикистон тавассути айнакҳои махсус

Тибқи иттилои намояндагии ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон, бо дархости Вазорати корҳои хориҷии мамлакат ниҳоди мазкур бо ҷалби мутахассисони хориҷӣ аз пиряхҳо, дарёҳои калонтарини Тоҷикистон ва обанборҳои мамлакат, аз ҷумла, обанбори Норак дидан намуда, онҳоро ба навор гирифта, дар ҳаҷми 6-7 дақиқа навори видеоӣ таҳия намудааст.

“Ин наворро иштирокчиёни Конфронси оби Душанбе метавонанд дар як гӯшаи алоҳида таҳти унвони «Таҷрибаи Тоҷикистон дар соҳаи об» бо андохтани айнакҳои махсус, ки  «Ҳақиқати виртуалӣ» низ ном мебарем, бо чашми худ бинанд ва бо иншооти обтозакунӣ, идора кардан ва истифода намудани об дар хоҷагидорӣ, чорводорӣ, муассисаҳои кумаки аввалияи тиббӣ-санитарӣ, муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва дар маҷмӯъ табиати зебои Тоҷикистон шинос шаванд”, — изҳор дошт мутахассис оид ба барномаи таъминоти об, санитария ва беҳдошти Хазинаи кӯдакони СММ — ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон дар суҳбат бо АМИТ “Ховар”.

Интизор меравад, ки дар охири ин навор кӯдакону наврасон паёмҳои асосиро оид ба тозагии об ва тағйирёбии иқлим баён намоянд. Илова бар ин дар назар аст, ки аз ҷониби намояндагии ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон дар Конфронси дуюми оби Душанбе ду ҷаласаи панелӣ, ки яке аз онҳо «Баланд бардоштани сатҳи ҳамгироии об ва тандурустӣ барои вокуниш ба чолишҳои ҷаҳонӣ баъд аз COVID – 19” ва дигаре “Суръат бахшидан ба дастгирии обтаъминкунӣ, санитария, беҳдошти бехатар ва фаро гирифтани ҳамагон” мебошанд, ташкил карда шавад.

Хазинаи кӯдакони СММ – ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон фаъолияти худро вобаста ба обтаъминкунӣ, санитария ва беҳдошт соли 1996 оғоз намуда, аз соли 2018 инҷониб барнома боз ҳам қавитар шуд ва фаъолияти он соли 2021 боз ҳам густурдатар гардид. Айни замон барномаи «ВОШ» («WASH»), яъне обтаъминкунӣ, санитария ва беҳдошти ЮНИСЕФ ҳам дар сатҳи сиёсат ва ҳам дар сатҳи татбиқи техникӣ амал мекунад, ки ин ба ЮНИСЕФ ҷиҳати пайдо намудани мувозинати дуруст миёни ҳамкорӣ бо Ҳукумат ва татбиқи барномаҳои мазкур имкон медиҳад.

Ёдовар мешавем, ки 6-9 июни соли 2022 пойтахти мамлакат — шаҳри Душанбе  мизбони  боз як ҳамоиши муҳими байналмилалӣ- Конфронси дуюми Душанбе оид ба татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амали об гардида, дар он қариб 2000 нафар  намояндагони давлатҳои хориҷӣ, созмонҳои байналмилалию минтақавӣ, ниҳодҳои байналмилалии молиявӣ, бахши хусусӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ, донишкадаҳо, ҷамоатҳои маҳаллӣ  ба таври ҳузурӣ ва маҷозӣ иштирок менамоянд.

Манижа БАҲРОМЗОДА,
АМИТ  «Ховар»

АКС: ЮИНСЕФ/манбаъҳои боз

 

Июнь 4, 2022 11:41

Хабарҳои дигари ин бахш

ПАРЧАМЕ, КИ БАЛАНД АСТ ВА САРИ МОРО ҲАМЕША БАЛАНД МЕДОРАД. Андешаҳои Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло дар ин хусус
Нахустин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Осорхонаи миллӣ ҳифз ва муаррифӣ мешавад
ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ ДАР КУҶО БОЯД НАСБ КАРДА ШАВАД? Вакили Маҷлиси намояндагон ба ин савол посух дод
ИСТИҚЛОЛИЯТ БА ТОҶИКИСТОН ЭМОМАЛӢ РАҲМОН – СИЁСАТМАДОРИ САТҲИ ҶАҲОНИРО ДОД. Эътироф ва тафсири мақоми шоистаи Пешвои миллат аз ҷониби шахсиятҳои ҷаҳон
16 — НОЯБР РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ. Нигоҳе ба таҳаввул ва ташаккули ниҳоди президентӣ дар Тоҷикистон
ТАШАББУСҲОИ ТОҶИКИСТОН — ҲАЛЛИ МУШКИЛОТИ ДАР ПЕШОРӮИ ҶОМЕАИ ҶАҲОНӢ ҚАРОРДОШТА. Эҳдо ба Рӯзи Президент
ИДОРАКУНИИ ПРЕЗИДЕНТӢ – шакли муассири идоракунии давлатӣ ва равнақбахши Тоҷикистони соҳибистиқлол
ПРЕЗИДЕНТИ ТАШАББУСКОР. Нақши Сарвари Тоҷикистон дар ҳифзи пиряхҳо ва захираҳои оби тоза дар ҷаҳон беназир ва муассир аст
ТАШАББУСИ ШОИСТАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ОИД БА ТАҲКИМИ СУЛҲ БА ХОТИРИ НАСЛҲОИ ОЯНДА. Дар ҳошияи пешниҳоди Президенти Тоҷикистон вобаста ба қабули қатъномаи махсуси СММ оид ба «Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда»
ГЕОСТРАТЕГИЯ ВА ГЕОПОЛИТИКАИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ДАВРОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Ба Рӯзи Президент бахшида мешавад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи Президент ҳамоиш баргузор шуд
Дар Академияи идоракунии давлатӣ бахшида ба Рӯзи Президент конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ гузаронида шуд