Сафири Тоҷикистон бо Ректори Донишгоҳи Анқара мулоқот анҷом дод
ДУШАНБЕ, 09.06.2022 /АМИТ «Ховар»/. 8 июн мулоқоти Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Туркия Ашрафҷон Гулов бо Ректори Донишгоҳи Анқара профессор, доктор Неҷдет Унувар баргузор гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Сафорати Тоҷикистон дар Туркия хабар доданд.
Зимни мулоқот ҷонибҳо оид ба масоили таҳсили донишҷӯёни тоҷик дар муассисаи мазкур, алалхсус вазъи таълим ва шароити зисти онҳо, зиёд намудани бурсияҳои таҳсилӣ, инчунин ба роҳ мондани ҳамкорӣ байни муассисаҳои таҳсилоти олии Тоҷикистон ва донишгоҳи мазкур мубодилаи афкор намуданд.
Бояд ёдрас шуд, ки Донишгоҳи Анқара дар заминаи мактаби ветеринарӣ (1842 с.) ва факултети илмҳои сиёсӣ соли 1859 таъсис гардидааст. Баъдан дар он факултетҳои ҳуқуқшиносӣ соли 1925, забонҳо ва таъриху ҷуғрофия соли 1935 дар ҳузури Кемал Отатурк ифтитоҳ карда шудааст.
Имрӯз Донишгоҳи Анқара бо 19 факултет, 14 институт, 12 техникум, 1 консерваторияи давлатӣ, 44 маркази тадқиқотӣ, 1 колеҷи забонҳои хориҷӣ ва 4 000 муаллиму 70 000 донишҷӯ фаъолият менамояд. Дар маҷмӯъ донишгоҳ аз 36 шаҳраки донишҷӯи (кампус) дар шаҳрҳои мухталифи Туркия иборат аст.
АКС: Сафорати Тоҷикистон дар Туркия








Дар Женева доир ба дастовардҳои Тоҷикистон дар 35 соли истиқлоли давлатӣ ва таҳкими ҳифзи ҳуқуқи инсон чорабинии сатҳи баланд доир шуд
Сафири Тоҷикистон дар Австрия бо Президенти Бунёди ОПЕК оид ба рушди байналмилалӣ вохӯрӣ намуд
Дар Москва Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Ветнам баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон бо Вазири давлатии Кувайт дар умури ҷавонон ва варзиш мулоқот кард
Дар Сеул Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Намояндаи Тоҷикистон дар брифинги Конвенсия оид ба ботлоқзор дар Женева иштирок намуд
Дар Ашқобод Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил гардид
Сафири Тоҷикистон бо шаҳрдори Риёз мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо сардабири рӯзномаи «Алҷарида»-и Давлати Кувайт вохӯрӣ намуд
Сафири Тоҷикистон дар ҳамоиши 42-юми Намоишгоҳ ва Конфронси байналмилалӣ оид ба нафту гази Абу-Забӣ иштирок намуд
Идибек Қаландар дар Муколамаи Манома «IISS Manama Dialogue» иштирок намуд






