Равоншиноси Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №56-и ноҳияи Сино Манижа Раҷабова ғолиби озмуни байналмилалӣ гардид
ДУШАНБЕ, 30.06.2025. /АМИТ «Ховар»/. Омӯзгори тоҷик дар Озмуни байналмилалии таҳқиқотии «Беҳтарин омӯзгор» сазовори ҷойи якум гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе хабар доданд.
Равоншиноси Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №56-и ноҳияи Сино Манижа Раҷабова дар Озмуни байналмилалии таҳқиқотии «Беҳтарин омӯзгор», ки дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон баргузор гардид, сазовори дипломи дараҷаи I гардид.
Озмуни байналмилалӣ аз ҷониби Маркази байналмилалии таҳқиқотии «Endless Light in Science» баргузор шуд. Дар он омӯзгорону муҳаққиқон аз давлатҳои мухталиф тариқи фосилавӣ иштирок ва мақолаҳои илмии худро пешниҳод намуданд.
Манижа Раҷабова дар ин озмун бо мақолаи таҳқиқотии худ дар мавзуи «Таҳқиқи муносибатҳои мутобиқати психологии ҳамсарони ҷавон ва қаноатмандӣ аз никоҳ» иштирок намуда, ғолиб гардид.
АКС: Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе








Имрӯз даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» оғоз мегардад
Ҷаласаи ситоди даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор гардид
Ғолибони Олимпиадаи байналмилалии химияро дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе истиқбол гирифтанд
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамкорӣ дар соҳаи маорифи давлатҳои аъзои ИДМ доир шуд
Форуми байналмилалии «Ташаббусҳои Пешвои миллат ва уфуқҳои нави рушд» баргузор гардид
Хонандагони тоҷик дар олимпиадаи байналмилалӣ сазовори се ҷойи сеюм гардиданд
Бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ-амалӣ баргузор шуд
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Мураббӣ тарбиятгирандагонро бояд бо чеҳраи кушоду табассум ва суханони меҳрубонона истиқбол намояд
Дар Лондон омодагӣ ба аккредитатсияи байналмилалии муассисавию барномавӣ (International Quality Review — IQR) баррасӣ шуд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст






