Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо лоиҳаи таъмиру навсозӣ ва мумфаршкунии роҳҳои марказии ноҳияи Дӯстӣ шинос шуданд

Июнь 16, 2022 10:57

ДУШАНБЕ, 16.06.2022. /АМИТ «Ховар»/. 16 июн дар идомаи сафари корӣ дар ноҳияи Дӯстӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин бо лоиҳаи таъмиру навсозӣ ва мумфаршкунии роҳҳои марказии ноҳия шинос шуданд.

Корҳои таъмиру навсозии роҳҳои марказии ноҳияи Дӯстӣ соли 2019 дар асоси дастуру роҳнамоии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯи меъёрҳои муосир оғоз гардида, бо руҳия ва ҳисси баланди миллӣ анҷом дода мешаванд.

Таъмиру навсозӣ ва мумфаршкунии роҳҳои марказии ноҳияи Дӯстӣ дар асоси лоиҳа дар маҷмӯъ 5 километр роҳ дар ду марҳила дар бар мегирад.

Дар ҳамин замина соли 2019 аз тарафи Муассисаи давлатии «Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 2,3 километр роҳҳои кӯчаҳои Лоиқ Шералӣ, Шириншоҳ Шоҳтемур, Ваҳдат ва Каримов бо сатҳу сифати баланд таъмиру навсозӣ ва асфалтпӯш гардида, кӯчаи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ бо дарозии 1,8 километр чароғон карда шуд.

Соли 2022 бошад, роҳҳои 6 кӯча бо дарозии 2,7 километр таъмиру асфалтпӯш карда мешавад, ки дар ин замина нақшаи пешбинишуда пурра татбиқ мегардад.

Тибқи лоиҳа айни замон бо ҷалби мутахассисони паймонкори иншоот асфалтпӯшнамоии кӯчаҳои Бобоҷон Ғафуров ва Турсунзодаи маркази ноҳияи Дӯстӣ пурра ба анҷом расонада шуда, мумфаршкунии кӯчаҳои Фирдавсӣ, Шерозӣ, Хайём ва Рӯдакӣ идома дорад.

Аснои муаррифии лоиҳаи таъмиру навсозӣ ва мумфаршкунии роҳҳои марказии ноҳияи Дӯстӣ иттилоъ дода шуд, ки бо пурра ба анҷом расидани корҳои асфалтпӯшнамоӣ кашидани хатҳои уфуқӣ ҳам амалӣ мегардад.

Бо мақсади таъмини ҳаракати муназзами воситаҳои нақлиёт ва рафтуомади озоди сокинону меҳмонон дар кӯчаҳои марказии ноҳияи Дӯстӣ ҳангоми шабона чароғонкунии онҳо низ ба нақша гирифта шудааст.

Асфалти истифодашуда дар роҳҳои марказии ноҳия истеҳсоли корхонаҳои маҳаллӣ буда, корҳои таъмириву мумфаршнамоӣ бо ҷалби мутахассисони ватанӣ ва техникаву механизми муосири роҳсозӣ анҷом пазируфтаанд.

Шиносоӣ бо лоиҳаи таъмиру навсозӣ ва мумфаршкунии роҳҳои марказии ноҳияи Дӯстӣ 16.06.2022

Июнь 16, 2022 10:57

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Ноиби Президенти Бонки аврупоии таҷдид ва рушд Маттео Патроне мулоқот намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ба фаъолияти истеҳсолии ҶДММ «Шаҳдоб» оғоз бахшиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи масолеҳи сохтмонии ҶДММ «Эко Блок»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди эстакадаҳои дусатҳа ва азнавсозии пули мошингузар дар хиёбони Саъдии Шерозии шаҳри Душанбе санги асос гузоштанд
Амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар як қатор вазорату идораҳо таъиноти кадрӣ ба амал оварданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат коргоҳи коркарди моҳии ҶДММ «Баҳор»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат ба таври фосилавӣ 16 иншооти таъиноти гуногунро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат корхонаи истеҳсолии «Алянс мебел»-ро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат аз намоиши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва таомҳои миллӣ дидан намуданд