Се паҳлавони тоҷик дар Мусобиқаи «Grand Slam»-и Улан-Батор иштирок мекунад
ДУШАНБЕ, 21.06.2022 /АМИТ «Ховар»/. Паҳлавонони тоҷик мавсими ҷаҳонии дзюдоро дар мусобиқаи «Тоскулоҳи бузург» («Grand Slam»), ки дар шаҳри Улан-Батори Муғулистон баргузор мешавад, идома медиҳанд. Мусобиқа аз 24 то 26 июни соли равон, доир мешавад, хабар доданд ба шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон аз Федератсияи дзюдои Тоҷикистон.
Дар ин мусобиқаи байналмилалӣ 200 варзишгар аз 27 давлат иштирок мекунад.
Мавриди зикр аст, ки мусобиқаи «Grand Slam» яке аз бонуфузтарин мусобиқоти арсаи ҷаҳонист. Тоҷикистонро дар мусобиқаи мазкур ҳайати даста иборат аз Беҳрӯз Хоҷазода (73 кг), ки пас аз ду соли муолиҷа ба варзиш баргаштааст, Сомон Маҳмадбеков (73 кг) ва Амирҷон Насимҷон (90 кг) намояндагӣ мекунад.
Хотиррасон мешавем, ки варзишгарон дар ин мусобиқаи ҷаҳонӣ дар ҳафт вазн байни мардону занон иштирок мекунанд. Хазинаи ҷоизаивии мусобиқа 154 ҳазор евроро ташкил медиҳад. Ба барандаи ҷои аввал 4 ҳазор евро, ҷои дуюм 2,4 ҳазор евро ва ғолиби ҷои сеюми мусобиқа 1,2 ҳазор евро тақдим карда мешавад. Арзиши мукофотҳо барои ҳисобкунии рейтинг чунин хоҳад буд: 500 хол – ҳисоби рейтинги ҷаҳонӣ барои тилло, 300 барои нуқра ва 200 барои биринҷӣ. Ба шарофати арзиши баланди рейтинги ғолибият дар чунин мусобиқаҳо дар ин сатҳ ба таври анъанавӣ дзюдочиёни номдор ширкат меварзанд.
Марҳилаҳои боқимондаи мусобиқоти «Grand Slam» дар мавсими имсола дар Будапешт, Загреб, Абу-Даби, Боку ва Токио баргузор мешаванд.
Дар Мусобиқаи байналмилалии дзюдо «Tbilisi Grand Slam 2022», ки 3-5 июн дар пойтахти Гурҷистон – Тбилиси баргузор шуд, варзишгарони тоҷик низ иштирок намуданд.
Тоҷикистонро дар ин мусобиқа 9 нафар: Нуралӣ Эмомалӣ, Шаҳбоз Саидаброров (ҳар ду дар вазни -66 кг), Маҳмадшариф Наҷмуддинов, Муҳаммадраҳим Сарахонов (ҳар ду дар вазни -73 кг), Шодмон Ризоев, Муҳаммадҷон Абдуҷалилов (ҳар ду дар вазни -81 кг), Кароматулло Ҳакимов (дар вазни -90 кг), Мансур Раҳмон ва Абубакри Акобир (ҳар ду дар вазни -100 кг) намояндагӣ карданд.Аз байни гуштигирони тоҷик се нафар — Шаҳбоз Саидаброров, Муҳаммадраҳим Сарахонов ва Шодмон Ризоев натиҷаҳои хубтар нишон дода, дар вазни худ ҷои ҳафтумро соҳиб шуданд.
АКС: Федератсияи дзюдои Тоҷикистон








Паҳлавонони Тоҷикистон дар Мусобиқаи байналмилалии «Zagreb Grand Prix» оид ба гӯштини ҷудо иштирок менамоянд
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд
Дастаи миллии Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи мунтахаби Узбекистон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Мусобиқаи кушод оид ба гӯштини тарзи озод байни наврасон оғоз гардид
Наврасони Тоҷикистон баъди ғалаба дар дивизиони «D» дар Боку ба Ватан баргаштанд
Президенти Кумитаи паралимпии Осиё ба натиҷаи иштироки дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои паралимпии Осиё баҳои баланд дод






