Сокинони ноҳияи Ҳамадонӣ барои захираи маводи озуқаворӣ аз маҳсулоти рўёндаи худ истифода мебаранд

Июнь 22, 2022 11:39

ДУШАНБЕ, 22.06.2022. /АМИТ «Ховар»/. Гурўҳи таблиғотии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Саид Алии Ҳамадонӣ дар якҷоягӣ бо корманди шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси вилояти Хатлон Бахтиёр Сафаров дар Ҷамоати деҳоти Панҷоб бо ҳар хонавода мулоқот доир намуда, оид ба оқилонаю орифона истифода намудани ҳар як ваҷаб замин ва захираи маводи озуқаворӣ барои давраи тирамоҳу замистони солҳои 2022-2023 суҳбат оростанд, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи мазкур.

Сокинони Ҷамоати деҳоти Панҷоб заминҳои наздиҳавлигӣ ва президентиро оқилона истифода бурда, дар онҳо гандум, пиёз, картошка, сабзӣ, зироати ғалладонагӣ ва сабзавот парвариш мекунанд. Аксари сокинони ин ҷамоат аз маҳсулоти рўёндаи худ барои захираи зимистон консерваи меваю сабзавот, афшура ва хушкмева тайёр мекунанд. Онҳо аз бозор аз маҳсулоти ниёзи аввал танҳо равғану шакар ва зиёдтар ордро мехаранд.

Гурўҳи корӣ ба сокинон барои тарзи дурусти тайёр намудани маҳсулот барои зимистон тавсияҳои муфид доданд.

Ёдовар мешавем, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни машварати корӣ бо роҳбарону фаъолони вилояти Хатлон 18 июн дар ноҳияи Данғара ҳушдор доданд, ки «интизор меравад, солҳои 2022 ва 2023 захираи ғалла дар ҷаҳон коҳиш ёфта, нархи сӯзишворӣ ва маводи ғизоӣ афзоиш ёбад. Ин ҳолати мураккаби ҷаҳон ба вазъи иқтисодиву иҷтимоии тамоми кишварҳо, аз ҷумла Тоҷикистон низ таъсир расонад, оқибатҳои ин давраи ниҳоят ҳассос пешгӯинашаванда ва дарозмуҳлат мебошанд».

Аз ин рӯ, Президенти мамлакат ба роҳбарони вазорату идораҳо, вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо дастур доданд, ки оид ба пешгирӣ кардани таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ба иқтисоди миллӣ тадбирҳои таъхирнопазир андешанд.


«Масъулони шаҳру ноҳияҳои вилоятро зарур аст, ки ҷиҳати таъмини бозори истеъмолии дохилӣ бо молҳои мавриди ниёзи мардум, фароҳам овардани захираи кофӣ барои онҳо ва пешгирӣ аз болоравии беасоси нархҳо чораҳо андешанд», — гуфтанд Сарвари давлат.

Президенти мамлакат аз аҳолии кишвар даъват ба амал оварданд, ки ба истифодаи самараноки обу замин, аз ҷумла заминҳои наздиҳавлигиву президентӣ ва дар заминҳои обӣ ҳатман ба роҳ мондани кишти такрорӣ диққати аввалиндараҷа диҳанд. Дар робита ба ин, Сарвари давлат ба вазорату идораҳои дахлдор супориш доданд, ки усулҳои мавҷудаи зиёд кардани муҳлати нигоҳдории маҳсулотро таҳлил ва арзёбӣ намуда, технологияи нигоҳдории маҳсулоти ғизоиро дар шароити хона таҳия ва муаррифӣ намоянд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҳамадонӣ

Июнь 22, 2022 11:39

Хабарҳои дигари ин бахш

Лоиҳаҳои афзалиятноки инфрасохтори нақлиётии Тоҷикистон дар «Paris InfraWeek 2026» муаррифӣ гардиданд
Дар Душанбе оид ба афзалияти иқлимии Тоҷикистон дар остонаи COP31 ва муаррифии NDC 3.0 ҳамоиш доир шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми дуюми Тян-шон оид ба ҳамкории иқтисодӣ дар Осиёи Марказӣ иштирок намуд
Дар Левакант ҷамъоварии ҳосили пахта беш аз 100 фоиз таъмин гардид
Ҷараёни иҷрои Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои илм, технология ва инноватсия барои давраи то соли 2030 баррасӣ шуд
Сулаймон Зиёзода бо ҷамъоварии ҳосили пахта дар ноҳияи Ҷаббор Расулов шинос шуд
Вазорати нақлиёти Тоҷикистон барои навсозии роҳи «Балҷувон-Сари Хосор» бо ширкати чинӣ қарордод ба имзо расонид
Гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон беш аз 35 фоиз афзоиш ёфтааст
Дар Душанбе ҷалби сармояи мустақими Саудӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 8,5 фоиз афзоиш ёфтааст
Корхонаи воҳиди давлатии «Почтаи Тоҷикистон» фаъолияташро дар шакли муосир ба роҳ мондааст
Дар Тоҷикистон 1028 гармхонаи доимамалкунанда мавҷуд аст