ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 12 июн, якшанбе, 165-умин рӯзи соли 2022 аст

Июнь 12, 2022 08:00

12 июни соли 2011 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз сафари судманд аз Люксембург бо сафари расмӣ ба Венгрия  рафтанд. Масъалаҳои рушди муносибатҳои дӯстонаи ду кишвар дар мулоқоти «як ба як»-и сарони давлатҳои ду кишвар ва пас аз он бо иштироки ҳайатҳо баррасӣ гардид.

***

7 сол пеш, 12 июни соли 2015 Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои ифтитоҳи як зумра иншооти ҷашнии бахшида ба 15-солагии Ваҳдати миллии Тоҷикистон, оғози сохтмони иншооти зиёди дигар, шиносоии бевосита бо натиҷаҳои рушди ҳаёти ҷомеа ва назорат аз рафти машқҳои низомии муштараки кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай-«Рисолати сулҳҷӯёна» ба вилояти Суғд сафар карданд.

***

Дар ин рӯзи соли 2017 дар шаҳри Душанбе дар мавзӯи «Таҳкими ҳамкорӣ ҷиҳати расидан ба рушди устувор дар шароити таҳдиду хатарҳои муосир» ҳамоиши сатҳи баланд баргузор гардид.  Дар кори ин чорабинии муҳими байналмилалӣ Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антониу Гутерриш, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, роҳбарону намояндагони воломақоми дигар ташкилоту созмонҳои минтақавию ҷаҳонӣ, корпуси дипломатии муқими Душанбе ва коршиносону масъулини вазорату идораҳои дахлдори мамлакат ширкат варзиданд.

 12 ИЮН ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:

Рӯзи байналмилалии мубориза ба меҳнати кӯдакон.

***

Дар Русия иди умумимиллӣ — Рӯзи Русия ё худ Рӯзи эълон гардидани Истиқлолияти он.

***

Дар Украина — Рӯзи бозори хазинавӣ.

***

Дар Туркманистон —  Рӯзи илм.

 РӮЙДОДҲО:

12 июни соли 2012 дар шаҳри Бӯстони вилояти Суғд мактаби Президентӣ барои хонандагони болаёқат ба истифода дода шуд.

***

31 сол пеш, 12 июни соли 1991 дар аввалин интихоботи президентии Федератсияи Русия Борис Елсин роҳбари давлати  ин кишвар  интихоб гардид.

***

Дар ин рӯзи соли 1867 империяи Австро-венгриягӣ ташкил карда шудааст.

***

12 июни соли 1900 дар Германия қонун дар бораи Флоти ҳарбии баҳрӣ қабул гардид, ки тибқи он бояд дар давоми 20 сол 38 киштӣ сохта мешуд.

***

12 июни соли 1919 Федератсияи футболи Полша таъсис дода шудааст.

***

94 сол муқаддам, 12 июни соли 1928 дар Чикаго аввалин маротиба барномаҳои шабакаи  телевизионии WCFL  ба эфир  баромаданд. Ин шабакаро Улисс Санабриа таъсис дода буд.

***

12 июни соли 1934 дар Булғористон фаъолияти ҳамаи ҳизбҳои сиёсӣ  манъ шуд.

ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…

Соли 2017 бори нахуст ҳавопаймои ширкати  миллии  ҳавонавардии Туркманистон -«Turkmenistanairlines» дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе нишаст.

***

Соли 2017 дар Намоишгоҳи байналмилалии ЭКСПО-2017 дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон Рӯзи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Июнь 12, 2022 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 29 ноябр, ҷумъа, 334-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 28 ноябр, панҷшанбе, 333-юмин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 27 ноябр, чоршанбе, 332-юмин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 26 ноябр, сешанбе, 331-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 25 ноябр, душанбе, 330-юмин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 24 ноябр, якшанбе, 329-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 23 ноябр, шанбе, 328-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 22 ноябр, ҷумъа, 327-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 21 ноябр, панҷшанбе, 326-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 20 ноябр, чоршанбе, 325-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 19 ноябр, сешанбе, 324-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 18 ноябр, душанбе, 323-юмин рӯзи соли 2024 аст