Таеквондочиёни тоҷик дар Чемпионати Осиё ширкат меварзанд
ДУШАНБЕ, 24.06.2022 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 24 июн дар шаҳри Чунчеони Кореяи Ҷанубӣ Чемпионати Осиё оид ба таеквондо оғоз мегардад, ки дар он варзишгарони тоҷик ширкат меварзанд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон хабар доданд.
Дар 25-ум Чемпионати Осиё, ки то 27 июн идома меёбад, 229 варзишгар аз 33 давлати қора иштирок менамоянд.
Тоҷикистонро дар ин мусобиқа миёни мардҳо Маҳмадҷон Суннатов (63кг), Муҳамадҳусейн Шомаҳмадов (68кг), Муҳаммадҳасан Шомаҳмадов (80кг) ва миёни бонувон Ширин Миршакарзода (49кг), Муниса Ойматова (53кг), Моҳру Ҳалимова (67кг) намояндагӣ мекунанд.
АКС аз бойгонии КМО Тоҷикистон








ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагиро ба бозӣ бо мунтахаби Чин оғоз намуд
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) бо ҳамсолони худ аз Умон ду бозии дӯстона анҷом медиҳад
Дар ноҳияи Мурғоб майдончаҳои нави варзишӣ ба истифода дода шуданд
«ФУТБОЛ — ОМИЛИ ВАҲДАТ ВА ҲАМДИЛИИ ҶАВОНОН». Байни устодону кормандони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мусобиқаи футболи хурд доир гардид
Ҷудокорони тоҷик ҳангоми ба даст овардани медалҳои Бозиҳои Осиёӣ бо ҷоизаҳои пулӣ қадрдонӣ мешаванд
Ба ғолибону ҷоизадорони Бозиҳои Осиёӣ-2026 Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешавад
Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол бо дастаи мунтахаби Озарбойҷон бозии дӯстона доир менамояд
Мирзобек Умаров ва Отабек Раҷабов дар Бозиҳои Осиёӣ-2026 аввалин медалҳои тиллоро соҳиб шуданд
Се варзишгари Тоҷикистон ба финали мусобиқаи ММА дар Бозиҳои Осиёии Ҷопон роҳ ёфтанд
Варзишгари тоҷик Беҳрӯз Умаров дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Қазоқистон соҳиби медали тилло гардид
Рамазон Ҷумаев ва Анӯшервон Назарзода соҳиби унвони қаҳрамони Ҷоми ҷаҳон оид ба самбо дар шаҳри Душанбе гардиданд
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои бозиҳои дӯстона бо дастаҳои Озарбойҷон, Фаластин ва Чин муайян гардид






