ВАРЗИШИ САБУК. Варзишгарони тоҷик дар Тошканд 12 медал ба даст оварданд

Июнь 6, 2022 11:38

ДУШАНБЕ, 06.06.2022 /АМИТ «Ховар»/. 4-5 июн дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Узбекистон 4-ум Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба варзиши сабук ба хотираи Геннадий Арзуманов баргузор шуд, ки дар он варзишгарони тоҷик  сазовори 12 медал, аз ҷумла 3 тилло, 5 нуқра, 4 биринҷӣ гардиданд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон хабар доданд.

Дар мусобиқаи анъанавӣ варзишгарон аз ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Узбекистон ширкат намуданд. Варзишгарони мо маҳорати баланд нишон дода,  сазовори 12 медал гардиданд. Иштирокчии Бозиҳои олимпии Токио-2020 Илдар Аҳмадиев дар масофаи 100 метр миёни мардҳо (10.37) медали тилло, дар ҷаҳиш ба дарозӣ (7.59) медали нуқра ба даст овард. Дар масофаи 200 метр Фаворис Музрапов (21.71) якум шуд. Ӯ ҳамчунин дар масофаи 100 метр (10.66) ҷои дуюмро гирифт.

Леонид Пронженко дар масофаи 400 метр бо монеаҳо (53.12) сазовори медали тилло, дар масофаи 110 метр бо монеаҳо (14.98) сазовори медали нуқра шуд. Дар масофаи 400 метр бо монеаҳо Муҳаммадризо Мирзозода (55.28) медали нуқра ба даст овард.


Марафончии тоҷик Раҷабмо Абдуллоева миёни бонувон дар масофаи 5000 метр (18:55.50) дуюм, дар масофаи 10000 метр (40:24.55) сеюм шуда ба марра расид.

Дар масофаи 10000 метр миёни мардҳо Меҳробҷон Одинаев (31:48.73) медали бинринҷӣ ба даст овард. Ду медали биринҷии дигарро Зикрилло Турахонов дар найзапартоӣ (53.66) ва тими Тоҷикистон дар эстафетаи омехтаи 4х400 метр (3:40.59) сазовор шуданд.

АКС: КМО Тоҷикистон

Июнь 6, 2022 11:38

Хабарҳои дигари ин бахш

Аъзои дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бар ҳамсолонашон аз Фиҷи пирӯз шуданд
«KING’S CUP 2026». Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоии мусобиқа бо тими яккачини Умон бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал бозии дӯстонаи дуюмро бо Узбекистон мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар оғози Мусобиқаи «Рanda Сup-2026» бо Кореяи Ҷанубӣ ҳисоби бозиро мусовӣ кард
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад