Яке аз кӯчаҳои шаҳри Хоруғро ба номи Шоири халқии Тоҷикистон Ширин Бунёд номгузорӣ карданд
ДУШАНБЕ, 21.06.2022 /АМИТ «Ховар»/. Яке аз кўчаҳои шаҳри Хоруғ дар маҳаллаи Баракат ба номи Шоири халқии Тоҷикистон Ширин Бунёд номгузорӣ карда шуд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба иттилои мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Ғолиб Ниятбеков хабар медиҳад.
Имрўз, 21 июн иҷлосияи даҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хоруғ, даъвати шашум баргузор гардид, ки дар кори он Раиси ВМКБ Алишер Мирзонабот, муовинони раис, роҳбари дастгоҳи раиси вилоят, кормандони масъули дастгоҳи раис, раисони шаҳри Хоруғ ва ноҳияҳо, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, роҳбарони воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо, роҳбарони сохторҳои низомӣ, қудратӣ ва мақомоти ҳифзи хуқуқи вилоят иштирок намуданд.
Дар иҷлосияи даҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хоруғ, даъвати шашум масъалаҳо оид ба Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 октябри соли 2009 «Оид ба номгузорӣ, дигар кардани номи корхонаҳои давлатӣ, фурӯдгоҳҳо, ташкилоту муассисаҳо, таълимгоҳҳо, инчунин объектҳои физикию ҷуғрофӣ ва масъалаҳои сохти марзиву маъмурӣ», «Барномаи рушди иқтисодӣ- иҷтимоии шаҳри Хоруғ барои солҳои 2022-2025» ва дигар масъалаҳо мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Дар иҷлосияи мазкур дар асоси Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ризо Назарзода, ки то ин дам иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳри Хоруғ буд, расман ба ин вазифа таъйин гардид.
Вакилони мардумӣ пешниҳоди комиссияи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ «Оид ба номгузорӣ, дигар кардани номи корхонаҳои давлатӣ, фурӯдгоҳҳо, ташкилоту муассисаҳо, таълимгоҳҳо, инчунин объектҳои физикию ҷуғрофӣ ва масъалаҳои сохти марзиву маъмурӣ», ки дар иҷлосияи маҷлисҳои вакилони халқи шаҳри Хоруғ баррасӣ гардиданд, ҷонибдорӣ намуданд.
АКС аз манбаъҳои боз








ОГОҲӢ. То 13 ноябр дар Тоҷикистон ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад
Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд
«КОНСТИТУТСИЯ–ПОЙДОРИИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁД». Таҳти чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Роҳҳои баланд бардоштани ҳосилнокии зироатро дар шаҳри Кӯлоб баррасӣ намуданд
Дар мавзуи «Конститутсия ва таъмини ҳуқуқ ба озодии эътиқод» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд






