Яке аз кӯчаҳои шаҳри Хоруғро ба номи Шоири халқии Тоҷикистон Ширин Бунёд номгузорӣ карданд

Июнь 21, 2022 11:42

ДУШАНБЕ, 21.06.2022 /АМИТ «Ховар»/. Яке аз кўчаҳои шаҳри Хоруғ дар  маҳаллаи Баракат ба номи Шоири халқии Тоҷикистон Ширин Бунёд номгузорӣ карда шуд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба иттилои мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Ғолиб Ниятбеков хабар медиҳад.

Имрўз, 21 июн иҷлосияи даҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хоруғ, даъвати шашум баргузор гардид, ки дар кори он Раиси ВМКБ Алишер Мирзонабот, муовинони раис, роҳбари дастгоҳи раиси вилоят, кормандони масъули дастгоҳи раис, раисони шаҳри Хоруғ ва ноҳияҳо, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, роҳбарони воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо, роҳбарони сохторҳои низомӣ, қудратӣ ва мақомоти ҳифзи хуқуқи вилоят иштирок намуданд.

Дар иҷлосияи даҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хоруғ, даъвати шашум масъалаҳо оид ба Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 октябри соли 2009 «Оид ба номгузорӣ, дигар кардани номи корхонаҳои давлатӣ, фурӯдгоҳҳо, ташкилоту муассисаҳо, таълимгоҳҳо, инчунин объектҳои физикию ҷуғрофӣ ва масъалаҳои сохти марзиву маъмурӣ», «Барномаи рушди иқтисодӣ- иҷтимоии шаҳри Хоруғ барои солҳои 2022-2025» ва дигар масъалаҳо мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Дар иҷлосияи мазкур дар асоси Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ризо Назарзода, ки то ин дам иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳри Хоруғ буд, расман ба ин вазифа таъйин гардид.

Вакилони мардумӣ пешниҳоди комиссияи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ «Оид ба номгузорӣ, дигар кардани номи корхонаҳои давлатӣ, фурӯдгоҳҳо, ташкилоту муассисаҳо, таълимгоҳҳо, инчунин объектҳои физикию ҷуғрофӣ ва масъалаҳои сохти марзиву маъмурӣ», ки дар иҷлосияи маҷлисҳои вакилони халқи шаҳри Хоруғ баррасӣ гардиданд, ҷонибдорӣ намуданд.

 

АКС аз манбаъҳои боз

Июнь 21, 2022 11:42

Хабарҳои дигари ин бахш

Рустами Эмомалӣ ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонун «Дар бораи маҳдуд намудани истифодаи маҳсулоти тамоку»-ро ҷонибдорӣ намуданд
Дар нуҳ моҳи соли равон 86 муассисаи КАТС ба истифода дода шуд
Байни Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ва Ассосиатсияи Умумичинии журналистон Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Панҷакент Форуми ҷумҳуриявӣ ва даври ҷамъбастии озмуни «Беҳтарин оилаи ҳунарманд» доир шуд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Тарбуз, харбуза ва каду дар таркиби худ витамини C ва А бештар доранд
Масъалаи дастрасии аҳолии минтақаҳои дурдаст ба кумаки аввалияи тиббию санитарӣ баррасӣ шуд
Неругоҳҳои барқи обии «Норак» ва «Бойғозӣ» барои гузаронидани мавсими сармо омода мебошанд
Дар Душанбе нахустин Анҷумани саратоншиносон ва радиологҳои Тоҷикистон доир шуд
Тоҷикистон то имрӯз ба 11 конвенсияи байналмилалии муҳитизистӣ ҳамроҳ шудааст
Дар Душанбе иди бостонӣ ва миллии мо-Меҳргон бо шаҳомати хосса доир мегардад
Намояндагони Суди Олии Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии судяҳо оид ба моликияти зеҳнӣ иштирок намуданд
Оид ба стратегияи ҳамкории Тоҷикистон ва Корея машғулияти академӣ доир шуд