Академияи идоракунии давлатӣ дар ҳамкорӣ бо Дафтари СММ-занон дар Тоҷикистон даври аввали машварати омӯзишӣ доир кард
ДУШАНБЕ, 30.07.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи ҳамкории Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Дафтари СММ-занон дар Тоҷикистон даври аввали машварати омӯзишӣ аз рӯйи барномаи «Банақшагирии буҷет бо дарназардошти ҷанбаҳои гендерӣ: ҳадафҳо, вазифаҳо ва дурнамо» барои хизматчиёни давлатии мақомоти марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ (аз ҳисоби масъулони таҳияи буҷет) доир шуд, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар Академияи идоракунии давлатӣ.
Зимни ифтитоҳи курс ректори Академияи идоракунии давлатӣ Абдухалил Ғафурзода, муовини раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Умеда Абдуллозода ва намояндаи Дафтари СММ-занон дар Тоҷикистон Нушофарин Нозирӣ иштирок намуданд.
Ректори Академияи идоракунии давлатӣ Абдухалил Ғафурзода иброз дошт, ки «омӯзондани масъалаҳои таъмини баробарии гендерӣ барои хизматчиёни давлатӣ, хусусан барои онҳое, ки дар сатҳи қабули қарор фаъолият мекунанд, хеле муҳим буда, Академияи идоракунии давлатӣ дар барномаҳои таълимии курсҳои такмили ихтисоси хизматчиёни давлатӣ мунтазам мавзӯъҳоро вобаста ба қонунгузории гендерӣ, санадҳои барномавӣ дар ин самт, мавқеи бонувон дар ҷомеа ва роҳу усулҳои бартараф кардани қолабҳои гендерӣ пешбинӣ менамояд».
Илова бар ин, дар доираи татбиқи Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030 бо мақсади таҳким бахшидани фаъолият дар самти таъмини баробарии гендерӣ, тақвият додани донишҳои хизматчиёни давлатӣ дар ин самт, таҳлилу таҳқиқи масъалаҳои соҳа, тайёр кардани теъдоди бештари кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занон, дастгирии бонувони лаёқатманд дар хизмати давлатӣ ва идоракунии давлатӣ дар Академияи идоракунии давлатӣ дар мувофиқа бо Президенти мамлакат бо дастгирии сохтори СММ-занон Маркази омӯзишӣ ва дастгирии занони роҳбарикунанда ва болаёқат таъсис дода шуд.
Банақшагирии буҷет бо дарназардошти ҷанбаҳои гендерӣ яке аз роҳҳои самарабахши таъмини баробарии гендерӣ дониста мешавад.
Ҳоло аз ҷониби коршиносони интихобнамудаи Дафтари СММ-занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон модули таълимии банақшагирии буҷет бо дарназардошти ҷанбаҳои гендерӣ таҳия гардидааст.
Дар марҳилаи аввал бо истифода аз усулҳои муосири таълим ба 80 нафар кормандони мақомоти давлатӣ роҳҳои ба инобат гирифтани масъалаҳои таъмини баробарии гендерӣ зимни таҳияи буҷет дар ҳамаи сатҳҳо омӯзонида мешаванд.
Дар ҳар даври омӯзишӣ иштироки 20 нафар хизматчии давлатӣ дар назар дошта шудааст. Дар ҷамъбасти курс ба шунавандагон гувоҳнома оид ба такмили ихтисос дода шуда, ҳамзамон шунавандаҳои фаъоли курс бо туҳфаҳои хотиравӣ ҳавасманд карда мешаванд.
АКС: Академияи идоракунии давлатии назди Президенти ҶТ








Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд
«КОНСТИТУТСИЯ–ПОЙДОРИИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁД». Таҳти чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Роҳҳои баланд бардоштани ҳосилнокии зироатро дар шаҳри Кӯлоб баррасӣ намуданд
Дар мавзуи «Конститутсия ва таъмини ҳуқуқ ба озодии эътиқод» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар ҷаласаи Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон механизмҳои нави ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ баррасӣ гардид
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Данғара нақшаи ҷамъоварии пахта 100 фоиз иҷро гардид
Дар ноҳияи Деваштич иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд
Дар Академияи идоракунии давлатӣ оид ба нақши Конститутсия дар таъмини баробарии гендерӣ ҳамоиш доир шуд






