Ҳарифони паҳлавонони тоҷик дар мусобиқаи «Zagreb Grand Prix 2022» муайян шуданд

Июль 15, 2022 13:35

ДУШАНБЕ, 15.07.2022 /АМИТ «Ховар»/. 14 июли соли равон дар шаҳри Загреби Хорватия маросими қуръакашии «Zagreb Grand Prix 2022» оид ба намуди гўштини дзюдо доир гардид ва ҳарифони варзишгарони тоҷик муайян шуданд. Дар ин бора шореҳи варзиш Муродалӣ Тешаев ба хабарнигори АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон иттилоъ дод.

Аз 15 то 17 июли соли равон дар шаҳри Загреби Хорватия мусобиқаи «Zagreb Grand Prix 2022» баргузор мешавад. Мусобиқа 3 рӯз идома ёфта, дар он ширкати 548 варзишгар (315 мард ва 233 зан) аз 71 кишвари ҷаҳон дар назар аст.

Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ин мусобиқа 7 нафар варзишгар муаррифӣ мекунанд. Комроншоҳи Устопириён бинобар ҷароҳати пой дар ин мусобиқа ширкат варзида наметавонад. Варзишгарон имкони касби имтиёзҳои олимпӣ доранд. Барои мақоми аввал — 700, дуюм — 490 ва сеюм — 350 имтиёз дода мешавад.

Дар рӯзи аввали Мусобиқаи «Zagreb Grand Prix 2022» дар вазнҳои то 60 ва 66 килограмм чаҳор нафар паҳлавонони кишвари мо ҳунарнамоиро оғоз мекунанд.

Муҳаммад Маҳмадизода дар вазни то -60 кг дар даври аввал озод буда, дар даври дуюм бо варзишгари амрикоӣ Ҷакоб Море рақобат мекунад.

Паҳлавони дигари кишвар Муҳаммадсолеҳ Қувватов дар вазни то 60 кг, дар даври аввал озод буда, дар даври дуюм бо дзюдокори гурҷӣ Гиоргий Сардалашвили сабқат мекунад.

Варзишгари ҷавони тоҷик Шаҳбоз Саидабуроров дар вазни то 66 кг дар даври аввал озод буда, дар даври дигар бо ҷуфти Леон Дапик ва Фрйер Михаел қувва меозмояд.

Алиҷон Сафаров дар вазни то 66 кг дар даври аввал бо дзюдочии сербӣ Страҳинҷа Бункик сабқат мекунад.

Варзишгари дигари кишварамон Наврӯз Каримзод дар вазни то 73 кг дар даври аввал озод буда, дар даври дуюм бо ҷуфти Роберт Класар ва Ксавери Морка рақобат мекунанд.

Паҳлавони бомаҳорати кишвар Шодмон Ризоев дар вазни то 81 кг даври аввал озод буда, дар даври дуюм бо варзишгари лаҳистонӣ Себастиян Маркинкиевич рӯи татамӣ баҳри музаффарият нерӯсанҷӣ мекунад.

Ҷаҳонгир Маҷидов дар вазни то -90 кг дар даври аввал озод буда, дар даври дуюм бо Алексейс Зарудневс аз Латвия қувваозмоӣ мекунад.

АКС аз Федератсияи дзюдои Тоҷикистон

Июль 15, 2022 13:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи духтаронаи Тоҷикистон (U-17) дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 бо Кореяи Ҷанубӣ, Урдун ва АМА ҳамгурӯҳ гардид
Доварони футболи Тоҷикистон омодагиро ба қисми дуюми мавсим оғоз намуданд
Тоҷикистон дар қароргоҳи СММ чорабинии сатҳи баланд оид ба нақши футбол дар солимии равонии ҷавонон доир намуд
Дар Тоҷикистон дар шаш моҳ 87 иншооти варзишӣ ба истифода дода шуд
Дастаи мунтахаби занонаи Тоҷикистон (U-20) дар Чемпионати CAFA-2026 иштирок менамояд
Федератсияи футболи Тоҷикистон дар Ню-Йорк фестивал баргузор менамояд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Варзишгарони тоҷик дар беш аз 80 мусобиқаи сатҳи байналмилалӣ иштирок намуданд
Дар Душанбе дуюмин Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштингирӣ баргузор мешавад
Дар Душанбе Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба ҷиу-ҷитсу ва грэплинг байни ҷавонон ва наврасон баргузор гардид
Дар Москва бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ Мусобиқа оид ба футболи хурд таҳти унвони «Ҳамбастагӣ-2026» баргузор шуд
Дар ноҳияи Шаҳринав Маркази рушди бокс ва майдони варзишӣ ба истифода дода шуд
Дар деҳаи Себистони ноҳияи Данғара майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд