Ба Тоҷикистон аз аввали маъракаи эмгузаронӣ бар зидди КОВИД-19 беш аз 15 миллиону 157 ҳазор воя ваксина ворид гардидааст
ДУШАНБЕ, 10.07.2022 /АМИТ «Ховар»/. Ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи Механизми COVAX аз аввали маъракаи эмгузаронӣ бар зидди КОВИД-19 беш аз 15 миллиону 157 ҳазор воя ваксина ворид гардидааст, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» дар маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат.
Гуфта шуд, ки дар давоми шаш моҳи соли равон ба кишвар 1 млн 987 ҳазору 440 воя ваксинаи «Модерна», 897 390 воя ваксинаи «Пфайзер» ва 1 002800 воя ваксинаи «АстраЗенека» ворид шуданд.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз моҳи январи соли 2022 эмгузаронӣ бо вояи 3-юми ваксинаҳои зидди сирояти КОВИД-19 дар байни аҳолӣ оғоз гардид. То имрӯз вояи аввали ваксина ба 5 263 527 нафар (94,0%), вояи дуюм ба 5 158 348 нафар (92,2%) ва вояи сеюм ба 4 104 007 нафар (73,3%) аҳолии кишвар гузаронида шуданд.
Тавре қаблан профессори кафедраи ДДТТ Саидбек Сатторов ба АМИТ «Ховар» иброз дошта буд, роҳи асосии пешгирии COVID-19 ваксинатсия мебошад. Пас аз 21 рӯзи вояи якуми ваксина, вояи дуюм ворид карда мешавад. Вақте ки бори якум ваксина гузаронида мешавад, бадан бо вирус «шинос» мегардад. Дар ҳолати такроран ваксина кардан дар организм якбора миқдори зиёди подтанҳо пайдо шуда, масуният пурқувват мешавад. Ин масуният то 6 моҳ қобилияти мубориза бурдан бо бемориро дорад. Пас аз 6 моҳ масуният паст мегардад ва дар ин ҳолат зарурати гузаронидани реваксинатсия ба миён меояд.
Ёдовар мешавем, ки тибқи қарори Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемиявӣ ва пешгирӣ аз интиқолу паҳншавии бемории сироятии COVID-19 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз 3 июли соли равон ваксинаи зидди бемории сироятии коронавирус барои шаҳрвандони аз 18-сола болои мамлакат ҳатмӣ мебошад. Нафароне, ки ваксинаи зидди бемории сироятии коронавирус нагирифтаанд, ҳатман ба табибони оилавӣ ва ё ба муассисаҳои тандурустии маҳали зисташон муроҷиат намоянд. Ваксина ба шаҳрвандони мамлакат тариқи ройгон гузаронида мешавад.
Имрӯзҳо сокинони мамлакат бо масъулияти баланд баҳри ҳифзи саломатии худ ва наздиконашон ба муассисаҳои тандурустии маҳалли зист муроҷиат намуда, ваксинаи зидди ин беморӣ гирифта истодаанд.
АКС аз бойгонӣ








Дар доираи «Барномаи омодасозии мутахассисон аз ҳисоби ҷавонон барои соҳаҳои иқтисодиёт» беш аз 41 ҳазор нафар бо ҷойи кор таъмин гардид
Дар Вазорати адлияи Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар шаш муассисаи тиббии шаҳри Душанбе барномаи рақамии «eTib» фаъол гардид
Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Конфронси Вена оид ба муҳоҷират иштирок намуд
Дар Душанбе бахшида ба татбиқи Ёддошти тафоҳум дар соҳаи тандурустӣ байни Тоҷикистон ва Амрико чорабинӣ баргузор шуд
Барномаи ҳамкорӣ байни Хадамоти иҷрои Тоҷикистон ва Бюрои иҷрои маҷбурии Узбекистон ба имзо расид
Конгресси байналмилалии «Инсон ва дору» баргузор гардид
Пешгирии бемориҳои сироятӣ масъулияти ҳар шаҳрванд аст
Дар Пекин масъалаҳои рушди қонунгузорӣ ва таҷрибаи муосири давлатдорӣ баррасӣ гардиданд
Дар Москва ҷаласаи 11-уми Алянси Авруосиёии омбудсменҳо баргузор гардид
Бахшида ба Рӯзи Президент дар вилояти Суғд роҳпаймоии идона баргузор шуд
Ҳамкории ҳуқуқии Тоҷикистону Чин дар Пекин баррасӣ гардид






